ҲАЗОР ТОННА КӮМАКИ ИЛОВАГӢ АНГИШТСАНГ БА МАКТАБҲО ВА МУАССИСАҲОИ ТИББИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ба хотири омодагии беҳтари муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2020 – 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки иловатан аз буҷаи ҷудонамудаи давлат боз ҳазор тонна ангиштсанг ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дастрас карда шавад. Айни ҳол дастрас намудани ангиштсанги ҷудогардида оғоз ёфта дар навбати аввал ба муассисаҳои замонавӣ, ки бо буғхонаҳо гарм карда мешаванд ва хароҷоти зиёд доранд таъмин мегарданд. Таъмини муассисаҳо аз ҷумла мактабҳои рақами 4, 21 ноҳияи Ванҷ, рақами 7 ва 9 ноҳияи Рӯшон, бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа алакай 180 тонна ангиштсанг кӯмак расонида шуд. Тибқи нақша сузишвории иловагии ҷудонамуда аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ пурра ба вилоят дастрас карда мешавад.
Ин дастгирии саривақтӣ имкон медиҳад, ки гарми дар ин муассисаҳо таъмин гардад, кӯдакон ва маризон чанд ҳафтаи хунукии моҳи мартро паси сар кунанд ва маблағи сарфакардашудаи буҷа метавон барои пардохти барқ, об, партов ва хариди ҳезум истифода бурда шаванд.
Толибилмон, муаллимон ва кормандони муассисаҳои тибби аз ин дастгирии Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми сарвари давлат ба маорифчиён ва табибон ироа карда шуданд бо дили гарм ва ғайрати дучанд саҳмгузори менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *