ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР ВМКБ

Дар театри вилояти ба номи Меҳрубон Назаров чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли мадарони мушфиқ ва бонувони ғамхори вилоятро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осударо таманно намудаанд. Роҳбарияти вилоят қайд карданд, ки бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон соли гузашта қайд карданд, ки ” Ман ба нерӯи занону модарон ва чавондухтарон такя карда онҳоро борҳо нигини пурҷилои тоҷи миллат гуфтаам”. Мо бо ифтихор ва такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур ва номбардорони миллатро ба дунё оварда дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.
Дар чорабинӣ мазкур ба хотири саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят як қатор фаъолзанон бо ифтихорнома, тӯҳфа ва мукофоти пулӣ раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *