ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлили гардид. Дар чорабинӣ намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд. Раиси вилоят рӯзноманигоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод намуда қайд карданд, ки вазъи душвору зудтағиирёбандаи ҷаҳон, мураккаб шудани муносибатҳои сиёсӣ дар як қатор мамлакатҳои дунё расонаҳои ахборро такон мебахшад, ки иттилои ҷойдоштаро ба таври фаврӣ ба мардум расонанд. Технологияи ҳозиразамон имконият медиҳад, ки воситаҳои ахбор хонандаю шунавандаро дар мӯҳлати кӯтоҳтарини вақт аз ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва ҳар кишвар огоҳ созанд.
Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатию миллӣ ва барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пур кардани фазои иттилоотӣ шабакаҳои нави давлатии телевизионӣ ва радиоиро таъсис дод. Ҳамин тариқ мардуми кишвар ҳар рӯз аз рӯйдодҳои навин – дастовардҳои дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, навгониҳои моддию маънавӣ, рӯйдодҳои соҳаи варзиш оғоҳи меёбанд.
Инчунин дар чорабинии мазкур як қатор рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳа барои саҳми арзанда гузоштан дар равнақи матбуоти тоҷик ва инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят бо ифтихорномаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, унвони ” Аълочии матбуот”, “Медали ҷашнии 100 солагии матбуот” ва ифтихорномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *