Табрикномаи муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам

Ҳамдиёрони азиз!
Тавре маълум аст, 18 – уми феврали соли 2010 дар Маҷмааи 64 – уми Анҷумани кулли Созмони Милали Муттаҳид иди Наврӯз чун ҷашни байналхалқӣ эълон гардид. Ин рухдод худ гувоҳи дар сатзи ҷаҳонӣ эътироф ва қабул гардидани ҷашни қадимаи тоҷикон ва дигар қавмҳои Шарқ мебошад. Мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, бузургтарин ва машҳуртарин ҷашни миллии тоҷикон буда, онро дар арафаи омад – омади фасли баҳор, бедории табиату шукуфоии дашту даман истиқбол менамудаанд. Наврӯз дар гирдбоду талотуми таърих ҳастиву мавҷудияташро нигоҳ дошта, бо тамоми рамзу анъана, расму ойинҳояш ба имрӯзиён расидааст. Ин ҷашн ҷашни мардумӣ буда, як рукни ҷудонопазири фарҳангу арзишҳои миллии мо дониста мешавад ва ҷаҳонбинию одамшиносии халқи моро инъикос мекунад. Мо бо шукрона аз амнияту оромӣ дар кишвар, аз осудагию некаҳволии мардуми тоҷик беш аз 28 сол боз Наврӯзи муборакқадамро таҷлил намуда, сараввал тамоми саъю кӯшиш ва тавону донишамонро барои тақвияти сулҳу субот дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем, чунки ҳеҷ гуна ҷашн бе фазои ором ягон шукӯҳу ҷалоле надорад. Барои ҳамин мо ифтихор мекунем, ки миллати тоҷик ба ин неъмати хеле бебаҳо – тинҷию осудаҳолиро арҷ мегузорад ва бо шодиву нишот ба истиқболи он ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, Наврӯзи ҷаҳониро бо тамоми ойину суннатҳои деринаш таҷлил менамоянд.
Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва баҳри ҳар иқдоми нек замина мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро хосатан таъкид намудаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.
Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад».
Тавре Пешвои миллат зикр кардаанд, ҷашни Наврӯз ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва инсондӯстиву дӯст доштани табиат меҳвари аслии онро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, Навруз хеле пештар аз ойини оташпарастӣ пайдо шудааст, аз ин рӯ, он ҷашни сирф мардумиву миллӣ буда, бо ин ва дигар мазҳабу боварҳо робитае надорад. Дар Навруз рӯзу шаб баробар шуда, иқлим муътадил мегардад ва замина барои корҳои баҳорӣ муҳайё мегардад.
Ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азизу арҷмандро бо ҷашни муборак Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик мегӯям, ба Шумо ва хонадони Шумо покию сафо, хайру сахо, сидқу вафои наврӯзиро таманно менамоям

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *