ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҳунарҳои дастӣ ва мардумии ноҳия пешкаши меҳмонон карда шуд.
Чорабиниро раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумьа Шофақир ҳусни оғоз бахшида сухани табрикотиро ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон доданд. Ноирзода Умедҷон бошандагони ноҳияро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон табрику муборак намуда қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ҷашни Наврӯз ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва инсондӯстиву дӯст доштани табиат меҳвари аслии онро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, Наврӯз хеле пештар аз ойини оташпарастӣ пайдо шудааст, аз ин рӯ, он ҷашни сирф мардумиву миллӣ буда, бо ин ва дигар мазҳабу боварҳо робитае надорад. Дар Наврӯз рӯзу шаб баробар шуда, иқлим мӯътадил мегардад ва замина барои корҳои баҳорӣ муҳайё мегардад.
Дар анҷоми чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия барномаи хуби консертиро пешкаши иштирокдорон намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *