ҚАБУЛИ БЕМОРОН БА БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТӢ АЗ РУИ ТАРТИБИ МУАЙЯН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД.

ҚАБУЛИ БЕМОРОН БА БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТӢ АЗ РУИ ТАРТИБИ МУАЙЯН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД.
Рохбари ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии сокинон аз сироятёбӣ ба бемориҳои сирояти коронавируси – «COVID 19» раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар оғози ҷаласа ба аъзоёни ситод ва бошандагони ВМКБ, ки ҳамарўза ба хотири пешгирии паҳншавии бемори коронавируси нави «covid 19» саҳми муносиби худро гузоштаистоанд ва баҳри сироят наёфтани бошандагони вилоят ба ин вабои аср муборизаи беамон мебаранд, изҳори миннатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён дошт. Қайд гардид, ки набаромадан аз хона, истифодаи барзиёд аз маҳлулҳои безарарагардонӣ ва истифодаи ниқоб яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ин бемории сироятӣ арзёбӣ мегардад, ки ҳамарўза иҷрои ин амалҳоро табибон аз мо талаб менамоянд. Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таваҷҷўҳи аъзоёни ситоди вилоятиро ба мушкилоти пешомада алалхусус бе ташхиси табибони тибби оилавӣ ё шабакаи ёрии таҷҷилӣ бистари кардани маризон дар Беморхонаи вилоят ҷалб намуда иброз дошт, ки сокинони вилоят набояд бо ташвишҳои андак бо касалиҳои сабук дар ҳамин шабу рўз ба беморхона барои бистари шудан набиёянд. Зеро беморхона қоидаву тартиботи қабул намдуани маризонро дорад ва дар сурати дигар сокинон ҳавфи сироят шудан ба дигар намуди бемориҳоро доранд. Гуфта шуд, ки аз рўйи мушоҳидаи табибони ҷаҳон дар 50 фисади мардум бемории сироятии коронавирус бе ягон нишона дида мешавад ва ин маризон дар назари мо сиҳат метобанд, ҳамчунин 35 фоизи дигар ин бемори сабук паси сар мегардад, аммо дар 15 фисади аҳолӣ он ба таври вазнин ҷараён мегирад, ки ин табақаи маризон ҳақиқатан дар мадди назар табибон қарор дошта, ниёз ба табобатро доранд. Аз ин рў ба сардори Раёстаи тандурустии ВМКБ супориш дода шуд, ки ба тартиби қабули сокинони вилоят ба беморхона таваҷҷўҳи ҷиддӣ равона намуда, дар фосилаи кўтоҳ роҳҳои аҳлӣ онро пайдо намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *