МУРОҶИАТНОМАИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ВМКБ

Мо- аъзоёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамоми бошандагони вилоят муроҷиат карда истода, қабл аз ҳама, ин нуктаҳоро таъкид кардан мехоҳем:
Мардумони Бадахшон аз замонҳои хеле пеш дар ҳамин хок, ки имрӯз ба як гӯшаи зебою ободи Тоҷикистони азизамон табдил ёфтааст, новобаста аз шароити сангину тоқатфарсо бо ҳам аҳлона зиндагӣ мекардаанд. Фишорҳо, таҳдидҳо, ҳама гуна хатарҳои дохилию берунаро ба мисли тамоми мардуми азиятдидаи тоҷики минтақаҳои дигари Тоҷикистони кунунӣ, ки рӯзгори онҳо низ дар гузаштаҳои дур ҳамранги ҳаёти мардуми кӯҳистон миёншикан буд,тадриҷан паси сар менамуданд.
Ҳамватанони азиз! Падарону модарони меҳрубон. Ҷавонони шарафманд. Ин рӯзгори биҳиштӣ барои мардуми тоҷик ба мисли як ҳадяи муқаддасе аст. Он, албатта, ба ивази чандин ҷонҳои падарону бародарону хоҳарон ба даст омадааст. Пас, биёед, бо маслиҳат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому умедворӣ ба ҳам оем, ки чунин таҷрибаро аҷдодони мо доиман дар зиндагиашон истифода мекарданд ва мо ҳам бо ҳамин роҳ зиндагиро боз ва боз аз пештар беҳтару зеботар созем.
Ҳамдиёрони азиз! Маълум аст, ки аз охири соли 2019 дар ҷаҳон бемории дунёфарогири Каронавируси нави СOVID-19 паҳн гардид ва имрӯз мардуми Сайёраи замин аз ин беморӣ азият мекашанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мардумони қитъаҳои мухталифи ҷаҳонро аввалҳо таҳлука ва тарсу ҳарос печонида буд ва ин бошад бемориро бамаротиб афзун намуд. Табибони тамоми ҷаҳон барои мубориза бурдан ба ин вабои мудҳиши асри ХХ1 камари ҳиммат бастанд ва тавонистанд, ки дар баъзе кишварҳо роҳи ин бемориро гиранд ва ҳанӯз мубризаҳо идома доранд.
Ба Тоҷикистони мо ҳам ин беморӣ ворид гашт ва инак, мубталошудагон ба ин беморӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз дар расонаҳо, шабакаҳои интернетӣ баъзеҳо маълумотҳои воҳиманок, бардурӯғ ва навмедонаро паҳн мекунанд, ки асосе надоранд. Баръакс, бо ин роҳ дар дили ҳамватанон ноумедӣ, заифӣ, тарсу ҳарос, нобовариро бештар хоҳем кард, ки фардо моро касе намебахшад.
Ҳамдиёрони гиромӣ! Аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза маълум аст, ки табибон ба ҳамаи мушкилӣ, вазниниҳо, мондашавӣ нигоҳ накарда, дар беморхонаҳо шабу рӯз барои барқарор кардани саломатии маризон хизмат мекунанд. Мо ба табибон ва ҳамаи онҳое, ки имрӯзҳо мунсифона ва ҳалол хизмат менамоянд, изҳори сипос мекунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ба наздикӣ кардааш бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе ба ин тарафи масъала таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуда, таъкид кард, ки ба чунин овозаҳои бардурӯғ ва воҳимаасос бовар накунанд. Ба масъулони кор ва мутахассисон мушаххасан супориш дод, ки ба масъалаи тақсим карда додани маводи озуқа, доруворӣ барои маризони ин вирус ва табибон назорати қатъӣ бурда, ба шахсоне, ки дар хона табобат мегиранд, ҳамеша кӯмаки амалии худро расонанд.
Ҳамдиёрони иззатманд! Биёед дар ин лаҳзаҳои барои ҳамаи мо ҳассос бо ҳам муттаҳид шуда, бародарвор, хоҳарвор, падарвору модарвор бар зидди ин бемории сироятӣ беамон мубориза барем, дар ин моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти кӯмаку саховат дароз намоем. Чун дар паҳлуи ҳамдигар қарор мегирем, боварӣ ба зиндагии имрӯзу фардо бештар мегардад ва бо қудрати муттаҳидӣ, дӯстию бародарӣ метавонем хушҳолона зиндагиамонро ба маҷрои аввала баргардонем.
Дар Ватани ором ҳамеша хушбахт ва дур аз ҳама гуна беморӣ бошед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *