АЁДАТИ БЕМОРОН

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти бемороне, ки бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар Беморхонаи вилояти бистари гардиданд аз наздик дидан намуд. Раиси вилоят аз вазъияти Беморхонаи вилояти дидан намуда бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд. Зимни суҳбат беморон аз шароити беморхона аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқи шикоят намуданд. Раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш доданд, дар мудати кутоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф намоянд. Инчунин беморон изҳор доштанд, ки дар масъалаи табобати ройгон ва таъмини дорувори барои табобати бемории сироятии короновирус мушкилот надоранд.
Беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баъди коҳиш ёфтани бемори сироятии короновирус ва гусел гардидани охирон бемор ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *