ШАҲРИ ХОРУҒ БОЗҲАМ ЗЕБОТАР МЕГАРДАД.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз вазъияти як қатор иншоотҳо дар шаҳри Хоруғ дидан карданд.
Шаҳри Хоруғ маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар шаҳрҳои мамлакатамон рӯ ба пешрафт ниҳодаст. Иншоотҳои хурду бузург, биноҳои баландошёна, идораву муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ бо тарҳи муосир қомат афрохта истодаанд. Сохтмони театри вилоят барои 1000 ҷойи нишаст, бинои Бонки амонатгузории “Амонатбонк” дар вилоят, сохтмони майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ, Сехи дӯзандагӣ, муассисаи таълими рақами 8 дар маҳаллаи Хоруғи боло, Маркази Савдо дар бозори 20 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иншоотҳо дар ҷараёни сохтмон қарор доранд, ки ҳангоми ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳанд шуд ва инчунин гузоштани хишти аввали пули “Селхозтехника”, ки барои танбашавии нақлиёт дар маркази шаҳри Хоруғ мусоидат хоҳад кард дидан намуданд.
Раиси вилоят ба фаъолияти кории сохтмончиён баҳои баланд дода аз онҳо сифати хуби кориро талаб намуда баён дошт, ки иншоотҳо бояд ба стандартҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд ва тавонанд солҳои зиёд ба мардум хизмат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *