МАШВАРАТИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

7 июли соли равон ҷаласаи васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбар ва мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисон ва муовинони раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар даъватшудагон баргузор гашт.

Ёдгор Файзов- раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки вобаста ба вазъияти ба ҳамаи мо маълум- паҳншавии бемории сироятии коронавирус «Ковид- 19» дар вилоят имкон нашуд, ки маҷлисҳои васеи навбатии назди раиси вилоят дар моҳҳои май ва июн сари вақт гузаронида шаванд, бинобар ин масъалаҳои ҳар ду маҷлис ҳам ба муҳокимаи ҳозирин гузошта мешавад.
Дар маҷлис панҷ масъалаи асосӣ баррасӣ шуданд. Оид ба ҷараёни иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 26 июни соли 2018, № 198 «Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, № 227 «Дар бораи наќшаи чорабинињо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020» сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Самадзода Зикрихудо ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барнома фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар вилоят бемайлон татбиқ шуда истодааст. Мақсади Барнома таъмини шароитҳои дарозмӯҳлат ва мусоид барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Вазифаҳои барномаи мазкур ин дастгирии молиявии соҳибкорӣ, дастгирии маҳсулотӣ – техникии бахши соҳибкорӣ аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзноки таҷњизотҳо, биноҳои истеҳсолӣ ва технологияҳо, ташкили инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ, паст намудани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми ташкил ва пешбурди тиҷорат, дастгирии давлатии самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ, рушди шаклҳои хоҷагидории хурду миёна, ҳавасмандгардонии таъсиси институтҳои худдастгирии соҳибкорӣ дар шакли кооперативҳои истеҳсолӣ, фурӯшӣ ва қарзӣ, таъмини дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкорӣ, мусоидат дар тайёркунӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳо барои бахши соҳибкорӣ, барои субъектҳои соҳибкорӣ фароҳам овардани шароитҳои мусоид, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд, иборат мебошад.
Барномаи мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, дар се марҳила татбиқ гаридааст. Марҳилаҳои аввал ва дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буданд, мавриди татбиқ қарор гирифта, амалї шуданд.
Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз гардидааст, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи сеюми татбиқи Барнома мақсад гузошта шудааст, ки муносибатҳои муосири иқтисодӣ тавассути такмили қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмин намудани ҳуқуқи молумулкӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, афзоиш додани сармоягузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ таҳким бахшида шаванд. Дар ҳамаи ин самтҳо дар ВМКБ корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд, вале камбудиҳои зиёде ҳам то ҳоло ҷой доранд.
Ёдгор Файзов- раиси вилоят вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ панҷ омили асосӣ вуҷуд дорад. Якум ташкил намудани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш. Касоне, ки ба тиҷорат сарукор гиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ. Таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ. Соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ўро касе зўран гирифта наметавонад. Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ. Мо ин дастовардҳоро зимни сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд бараъло мушоҳида кардем ва дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талаботҳо соҳибкорӣ рушд кардааст. Бинобар ин, сардори Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдорро лозим аст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешнињод намоянд.
Дар маҷлис инчунин масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 30 декабри соли 2016, № 487 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2016, № 455 «Дар бораи Барномаи тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020”, аз 18 январи соли 2016, № 18 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 825 «Дар бораи Тартиби пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва моноторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ”, аз 3 июли соли 2019, № 229 “Дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти андоз, сармоягузорӣ, бонкҳо ва гумрук аз 10 майи соли 2019 баён гардиданд”, аз 8 июни соли 2018, № 172 оид ба иљрои ќарори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 160 «Дар бораи Барномаи маљмўавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2020” муҳокима шуда, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар иҷрои санадҳои зикргардида фикрҳои ҷолибу судманд ироа намуда, дар бартараф намудани онҳо ба шахсони масъулу дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавсуф дар охир оид ба ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилоят ва моҳияти таърихӣ доштани он ибрози назар карда, омодагиҳои маънавию равонии мардуми сарбаланду меҳмоннавози Бадахшонро ба ин рўйдоди созанда муҳимтар аз ҳама чиз арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *