КӮМАКИ САРИВАҚТӢ

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Ковид19 ва табобати он дар баробари мақомоти давлатӣ ҳамчунин бахши хусусӣ низ нақши муассир мегузоранд. Муассисаҳои тандурустиии вилоят кӯмаки навбатии иборат аз либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва дорувориро аз ҷамияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” дастрас намуданд.
Ҳарчанде ки шиддати паҳншавии бемории Ковид 19 дар чанд ҳафтаи охир бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки то пирузии комил бар Ковид 19 аз чораҳои худмуҳофизатӣ даст накашанд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни қабули кӯмаки навбатӣ аз ҷамияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” миннатдориро баён намуда иброз дошт, ки маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки кишвари мо тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ намояд ва вазиятро ба эътидол орад. Сардори раёсати тандурустӣ вилоят Фарид Музаффаров қайд карданд, ки ин ҷамият ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ ирсол доштааст. Ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд. Зеро назар ба таҳлилҳои коршиносони соҳаи тиб бемории Ковид 19 ба як бемории маъмулии табдил ёфтааст ва имкон дорад, ки дуввумбора ҳам хуруҷ кунад. Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксин аз тарафи табибони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва ягона роҳи наҷот аз ин беморӣ истифодаи ниқоб, вақт ба вақт шустани дастон ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *