БА ВОЛОҲАЗРАТИ ВОЛОМАҚОМ ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОН МАВЛОНО ҲОЗИР ИМОМ

Волоҳазрати Воломақом,
Бо камоли эҳтиром ва хушнудии беандоза Шуморо ба муносибати ба тахти мубораки Имомат нишастанатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон самимона табрик намуда, ба Шумо Волоҳазрати Воломақом тани сиҳат, умри дароз ва нерӯи бузург дар иҷрои рисолати таърихиатон  таманно дорам.
Ҳар як Имоми давр дар тӯли имоматашон ба ҷамоат ва инсоният хизмати беандоза намуданд, вале заҳмати шабонарӯзии Шуморо баҳри беҳтар намудани сифати зиндагии ҷамоати исмоилия ва умуман башарият, пуштибони аз исломи ҳақиқии холис аз фанатизм ва зиёдаравӣ васф кардан хеле мушкил мебошад,  зеро он беандоза аст. Ифтихор дорем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон Шумо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муносибати дипломативу сиёсӣ ва бародаронаро барқарор намуда Шабакаҳои Оғохон чун як шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон на танҳо бе ягон мамоният фаъолият доранд, балки аз чандин имтиёзҳо ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат бархурдор ҳастанд. Мусулмонони исмоилии Тоҷикистон шукригузор аз он ҳастанд, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот соҳибистиқлолии ватан ва ваҳдати миллӣ   озодона расму русуми аҷдодии худоо дар кулли қаламрави мамлакат иҷро менамоянд ва  чун шаҳрванди комилҳуқуқи давлат имконияти ширкати фаъол ва бемаҳдуд дар рушду нумӯи кишвар ва сохтани давлати демокративу ҳуқуқбунёдро доранд.
Сиёсати инсондӯстона ва муҳаббати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дини мубини ислом ва эҳтирому эътибори ин шахсияти таърихӣ ва чун ориёитабори  тоҷик имконият фароҳам овард, ки ташрифи Шуморо ва дидорбинӣ бо муридони исмоили таъмин намуданд, ва ин ҳодисаи таърихӣ дар хотираҳо нақш баста боиси амалӣ гардидани ҳазорон барномаҳои муштарак ва ормонҳо гардид.
Аз фурсат истифода бурда минатдории самимии хешро ба Шумо Волоҳазрати Воломақом баҳри ҳамкорӣ ва кӯмаки бесобиқа дар пешгирӣ ва табобат намудани маризони COVID 19 баён менамоям. Умед дорам, ки ин ҳамкории мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилотҳои Оғохон дар оянда боз ҳам рушд ефта, ба сатҳи нав хоҳанд расид.
Бори дигар ин Рӯзи саидро ба Шумо ва кулли ҷамоати исмоилия муборак  гуфта, орзу дорам, ки тахти Имомат доимо  побарҷо бошад ва ҷамоату инсоният солҳои тулонӣ  аз  муҳаббат, ҳидоят  ва дуоҳои Шумо бархурдор бошанд.

Бо эҳтироми самимӣ
Едгор Файзов                           Раиси ВМКБ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *