БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷараёни боздиди кори аз ВМКБ рафти корҳои созандагиву бунёдкориро дар маркази вилоят шинос гардид. Ин мақоми баландпояро дар ҷараёни сафар Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи намуданд. Нахуст боздиди корӣ аз майдони фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Хоруғ оғоз гардида, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода барои таъмири қисматгоҳи харобгаштаи фурудгоҳ ва асфалпушт намудани чуқуриҳои майдони ҳавои инчунин аз нав рангубор намудани аломатҳо ва панҷараи фурудгоҳ дастуроти мушаххас доданд. Ҳамчунин гуруҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дар сатҳи баланд ба истифода супоридани иншооти таъиноти иҷтимои дар шаҳри Хоруғ аз маркази савдои навбуёнд воқеъ дар Бозори 20 солагии Истиклолият дидан намуд. Бояд гуфт дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳалли сохтмони маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷорати дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ба тартиб даровардани атрофи Маркази савдои навбунёд, асфалтпуш намудани майдончаи атрофии бино ва чароғонкунии беруни бино то баромадан ба роҳи асосӣ аз масъалаҳои ҳалталаб ном бурда шуданд. Бояд гуфт дар ҳудуди Бозори 20 солагии истиқлолият ҳамчунин карор аст, ки коргоҳи дузандагӣ бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешорӯи ҷашни истиқлолияти давлати мавриди баҳрабардорӣ қарор хохад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкори дар ин гушаи кишвар намояндаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ташакуроти хосро ба бунёдкорон баён намуд.
Абдучаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ аз махалли сохмтони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан ба амал овард. Гуфтанист бо мақсади коҳиши тамбашави дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо ҳидояти Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди саввумин пули калони мошингузар бар фарози рудхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудаст.Тибки лоиҳаи сохтмонӣ дарозии он беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонави мебошад.
Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои филиали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории Ҷумҳури «Амонатбонк» оғоз гардида алакай 65 фисдаи корҳои бо ҷалби зиёда аз 50 нафар коргар ҷараён дорад. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иншооти ҷашни буда дар арафи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди истифодабари қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа бинои мазкур чорошёна буда аз мачлисгох, шуъбахо ва кисми амалиётиву утоқҳои махсуси кори иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи кори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофии бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуд, ки дар асосӣ тархи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра азнавсозӣ намоянд. Кайд намуд, ки Театри мазкур барои 1000 чойи нишаст пешбини гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомони мебошад, ки айни ҳол қариб 90-фоизи ин маблағ ба кор бурда шудаст.
Гуфтанист дар остонаи ҷашни милли қарор аст, ки дар майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ дар баробари парчами давлати хамчунин Нишони милли яке аз мукаддасоти дигари миллӣ низ бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари Нишони миллӣ ҶДММ «Талко Менечмент» буда, паймонкори ин сохтмон ЧДММ «Бунёд» як ширкати сохтмонии маҳалли мебошад. Ин пружа низ дар қатори дигар иншооти ҷашни қарор гирифта, гурӯҳи кори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуданд.
Дар баробари ин корҳои бунёди дар бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Хукумати Чумхурии Точикистон 26 миллон сомони ҷудо гардидаст, ки алакай 85 фоизи корҳо дар бинои якум ба итмом расонида шудааст. Ин иншоот барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароитҳои лозими пешбини гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълими иборат мебошад. Корҳои сохтмони дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз руи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмони пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёди анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.
Гурӯҳи корӣ баъди боздид аз ин иншоот аз Боғи набототи Помир, ки аз миёни баландтарин богғҳои ҷахон ба шумор меравад, дидан анчом дод. Барои ҳифзи зебогии боғ супориш дода шуд, ки муҳаррики обкаш барои шодоб намудани гулу дарахтони ин боғ харидори ва дастраси маъмурияти боғ гардонда шавад. Таъмири рохравҳо ва бунёди дигар инфрасохтори зарурї барои боз хам зеботар гардонадни ин макони тамошобоб супоришхои ҷидди дода шуданд.
Давоми ду соли охир бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии малмакат дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикитсон се майдончаи мусоири варзиши сохта мавриди баҳрабардории қарор дода шуданд. Ҳоло низ ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти милли тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ сохтмони 8 майдончаи варзиши ҷараен дорад, ки ду адади онхо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотхои Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Чумхурии Тоҷикитсон ва шаш майдончаи дигар бо дастгирии шарикони рушд бунёд шуда истодаанд. Гурухи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдуҷабор Раҳмонзода сохтмони ин майдончаи муосири варзишии махаллаи Тирчидро мавриди санҷиш қарор дода, барои бо сифати баланд ба истифода додани ин майдончаи варзишӣ ба масъулини шаҳрдорӣ супоришҳои иловагӣ доданд. Баъди боздид аз иншооти сохташавандаи таъиноти иҷтимои гуруҳи корӣ ба боздиди худ аз иншооти ҷашни дар шаҳри Хоруғ ҳусни анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *