ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот раиси вилоятро муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи намуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба миёни раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тавсияи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо роҳи муносибатҳои дӯстонаи сарони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар рӯи даст гирифта шудааст, таъкид карданд.
Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов қайд дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳошияи татбиқи аҳдномаи дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек дар ҳамаи ҷаласаҳои байнидавлатӣ оиди ҳарчи зудтар барқарор намудани фазои сулҳу субот ва рушди инфрасохтори кишвари ҳаммарзи Афғонистон сухан мекунад. Дар ин замина рушди муносибатҳои дӯстона дар самти иқтисоду тиҷорат, обу энергетика ва фарҳангу тандурустиро асоси густариши ҳамкориҳои судманди ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар маънидод намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз истиқболи гарму самимии раиси вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва бародарониаи Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми Афғонистон борҳо эҳсос намуданд. Мусаллам аст, ки ҷангҳои ҷангҳои таҳмили дар Афғонистон, ки ба рушди инфрасохтори он монеъа мешаванд мардуми афғон хуб дарк мекунанд, ки кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Тоҷикистон танҳо баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва боло бурдани соҳаҳои иқтисоди ва иҷтимоии ин кишвар манфиатдор буда дар ин росто талошҳои муассирро ба харҷ медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *