ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ ДАЪВАТИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВМКБ БАРГУЗОР ГАРДИД

Иҷлосияи дуюми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баргоузор карда
Дар рафти иҷлосия масъалаҳои иҷрои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва пешниҳоди раиси комиссия оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо инчунин обектхои физикиву чуғрофғӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, тасдиқи қарорҳои раиси вилоят, ки дар байни иҷлосияҳои якум ва дуюми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят қабул шудаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Исрорзода Исрор муовини якуми раиси ноҳияи Мурғоб ахборот дода, қайд намуд, ки амали гардидани лоиҳаҳои барнома дар назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барномаи рушди иҷтимоию иктисодии ноҳияи Мурғоб дар умум 121 лоиҳаро бо ҷалби маблағи беш аз 213 миллион сомонӣ ки ба бахшҳои гуногуни лоиаҳҳо ҷудо шудаанд, амали шуда истодааст. Мабалггузории барномаи рушди ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016-2020 аз ҳисоби буҷҷети ҷумхуриявӣ, буҷҷети маҳалли, сармоягузориҳои дохили ва манбаъхои ғайрибуҷҷети таъмин карда мешавад. Аз он изҳори нигарони карда шуд, ки маблағҳои буҷети маҳалли нокифоя буда, барои ҳисобаробаркуни аз буҷети ҷумҳурияви ҳамасола маблағи зиёда аз 19,6 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр намуд, ки ноҳияи Мурғоб гарчанде ноҳияи дурдастарини ВМКБ бошад ҳам доимо таҳти таваҷҷухи Ҳукумати мамлакат бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди инфрасохтори ин минтақа дастгириҳо пайваста ба назар мерасанд. Таъкид карда шуд, ки гарчанде бештари бандҳои барномаро пурра амали гардондан мушкил бошад, бо вучуди ин ва бодарназардошти баъзе хусусиятҳои хоси ин минтақа метавон аксари лоиаҳоро амали сохт. Зеро нохияи Мурғоб аз чиҳати саноати кухи аз дигар минтақаҳо фарқкунанда буда, бо ин васила метавон рушди соҳаи саноатро пеш бурд. Ҳамчунин табиати ин ноҳия барои парвариши чорво мусоидати хуб дошта, он ҳам метавонад як манбаи дигари пеш бурдани соҳаи хоҷагидори гардад. Рушди соҳаи сайёҳи низ дар ноҳияи Мурғоб боиси таваҷҷух буда, бо ин васила сайёҳони зиёдро ҷалб кардан зарур аст. Зикр намуд, ки вобаста ба рушди хоҷагии ин ноҳия барномаҳоро бояд гурухбанди намуда, тибқи тартибот онҳоро амали кардан зарур аст.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки дар ин минтакаи дурдаст мушкилихои дастрасӣ ба алоқа таъмири бунгоҳҳои тиббии деҳот, таъмини амният ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бо аҳолии нохияи Мурғоб ҳалу фасл карда шаванд.
Аз рўи масълаи дуюми Иҷлосия сардори Раёсати чавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев ахборот манзур намуд. Зикр дошт, ки бо мақсади таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон 10 самти афазалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон ба роҳ монда шуда, дар асосӣ онҳо нақша-чорабиниҳои алоҳида таҳия гардидаанд. Вобаста ба иштироки ҷавонон дар корҳои сиёсӣ ва расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 109 чорабиниҳо аз ҷониби масъулини раёсат доир карда шуд. Вобаста ба шуғлнокии ҷавонон таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб барои чавонон, таъминоти иҷтимоии ҷавонон, мустақилияти иқтисодии ҷавонон, тарбияи ватандустӣ, ахлоқи ҳамида ва идораи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби сардори Раёсат маълумот манзур гардонида шуд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов кайд намуд, ки ҷавонон яке аз табақахои асосии ҷомеа ба хисоб рафта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Воқеан мушкилии асосии ҷавонон имрӯза ин бекори ба ҳисоб рафта, боиси зиёд гардидани муҳочирати меҳнати шудааст. Ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба хунаромузӣ, варзиш, донишомузӣ ва бо ин васила паст намудани сатҳи бекории ҷавонон яке аз масъалаҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ дар аксари минтақаҳои ҳудуди вилоят марказҳои омузишӣ, толорҳои варзишӣ, майдончахои варзишӣ бунёд гардидаанд.
Зикр дошт, ки аксари грантҳо, ба самти соҳаи ҷавонон равона карда мешаванд. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби вакилони халқ дархосту пешниходот ба миён оварда шуда, ба инобат гирифта шудаанд.
Дар иҷлосия ҳамчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи давлатии варзишии гуштини ВМКБ ба номи устоди варзиш Назармамад Меҳралишоев, дар бораи номгузори намудани варзишгоҳи деҳаи Дерушон ба номи устоди варзиш Асайни Шоқаландаров, дар бораи номгузори намудани хонаи фарҳанги деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тусён ба номи аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шоир Чароғабдолов Алидод, мутобиқи болохати раиси вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин бо мақсади гироми доштани корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ бахшида ба 75-умин солгарди Рузи Ғалаба гузоштани лавҳаи фахри бо исми иштирокчии ҶБВ лётчик Баҳром Саидмамадов дар пештоқи бинои даромадгоҳи фурудгохи шаҳри Хоруғ қарори раиси ВМКБ дастгири гардид. Чиҳати гузоштани лавҳаи фахрии собиқадори меҳнат алоқачии хизматнишондодаи Ҷумхурии Тоҷикистон устоди алоқа Алиназар Давлатхочаев дар пештоки бинои тоҷиктелекоми вилоят пешниҳод ба миён оварда шуд. Ҳамаи пешниҳодҳо аз ҷониби вакилони халқи вилоят якдилона дастгири ёфта ба тарафдории онҳо овоз доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *