МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Субхи рузи шанбе раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов ва Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоевро ба ҳузур пазируфт.
Намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов дар оғози мулоғот ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар давраи пандемия ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки Раёсати тандурустии ВМКБ дар ин лаҳзаҳои ҳасос тавонист барои сари вақт ба муолиҷа фаро гирифтани маризонро, ки гирифтори ин бемори мебошанд кӯмаҳои саривақтиро манзур намояд. Маҳз фаъолияти самарбахши табибони вилоят имкон бахшид, ки дар ин давраи ҳасос қисмати зиёди бошандагони вилоят сиҳатии комил ёфта, ба ҳаёти муқарари баргаштанд. Гуфта шуд, ки дар ин муддат шабакаҳои Бунёди Оғохон миқдори зиёди маҳсулоти доруворӣ ва дигар таҳҷизоти тиббиро дастраси беморхонаҳои вилоят гардонданд. Тибқи дурнамои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Шарикони рушд муҷаҳҳаз намудани беморхонаҳои ҳудуди вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар бо таҳҷизотҳои муосир ки барои муайян намудани беморӣ нақши калиди доранд, корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Ҳоли ҳозир барои пешгирии марҳилаи дуюми бемори бо ҷалби Шарикони рушд миқдори зиёди доруворӣ ба вилоят кӯмак хоҳад гардид.
Раиси ВМКБ саҳми ризокоронро дар баробарӣ табибони ҳозик шоистаи таҳсин унвон карда, фаъолияти густурдаи онҳоро дар давраи пандемия муҳим ва зарури арзёби намуд. Дар ин росто намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд пешниҳод намуд, ки ин фаъолияти густурдаи ризокрон бояд ҳамчуни як Институт равнақ ёфта, баҳри боз хам беҳтар намудани фаъолияти ризокорон намунаи ибрат бошад.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки ҷонибҳо зимни мулоқот ба он таваҷҷухи махсус зоҳир намуданд ин бунёди корхонаҳо ва ба ин васила аз байн бурдани мушкилоти бекори арзёби гардид. Гуфта шуд, ки бо тарҳрези намудани лоиҳаи нав ва бунёди корхонаҳои хурду бузург имконияти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ зиёд мегардад. Раиси ВМКБ иброз намуд, ки қисмати зиёди иншоотҳои сохташаванда бо истифодаи намудҳои гуногуни сангҳои маҳалли бунёд мегарданд, ки ба беҳбудии зиндагии маскунон ва беҳбудии сатҳи оилавии бошандагон равона гардида, аз суи дигар ба ташкили ҷойҳои нави кори мусоидат мекунад. Давоми чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Шарикони рушд 28 адад хати оби нӯшокӣ дар шаҳру нохияҳои вилоят, майдончаҳои зиёди варзишӣ ва чандин биноҳои дигар сохта мавриди истифода уарор гирифтанд.
Намояндаи доимии Хадамоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов ба масъалаҳои ҷалби сайёҳон ба ҳудуди ВМКБ, таҷҳизонидани муассисаи табобати бо ташхисгоҳ ва фаъолияти минбаъдаи ризокорон таваҷухи махсус зоҳир намуда, қайд намуд, ки Хадамотҳои Оғохон новобаста аз ҳар як вазъияти фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкор буда, баҳри аз байн бардоштани мушкилоти ҷойдошта саҳду талош мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *