ВОХӮРИИ СУДМАНД

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов намояндагони Кумитаи дин танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят меҳмононро ба вилоят хайра мақдам хонда барои дастгири ва ҳалли масоили ҳалталаб дар самти гузарондани ҷашну маросимҳо дар вилоят изҳори сипос намуд. Гуруҳи кори маҳз бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сафарбар гардидаанд. Зимни суҳбат ҷонибҳо оиди гузарондани туйю маъракаҳо дар давраи авҷи дуюми бемории сироятии короновирус суҳбат намуда қайд доштанд, ки сокинони вилоят бояд дар мавриди гузарондани маъракаҳо эҳтиëткор бошанд.Соҳибони маърака ҷавобгари асосии саломатии даъватшудагон ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин бояд фосилаи иҷтимои риоя карда шавад ва аз маҳлулҳои безараргардони мунтаазам истифода карда намоянд. Теъдоди даъватшудагон низ бояд тибқи Қарори ситоди ҷумҳуриявй ки онро муяйан кардааст сурат гирад. Инчунин масоили таъсири манфии ақди никоҳи хешутаборӣ, нашъаманди ва касалии норасоии масунияти бадан ба насли оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Намояндагони Кумитаи дин танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша доранд бо халифаҳо, кормандони ИТРЕБ, САҲШ, намояндагони занон ва ҷавонон вохуриро баргузор намоянд ва оиди масъалаҳои дар боло зикр гардида бо маъсулин суҳбат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *