Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмуҳтарам Ҷаноби Олӣ, Мавлуди мубораку пурфайзатонро бо накӯтарин, гармтарин таманниёту изҳори эҳтироми бузург дар ин фасли зеботарини сол – фасли зарринқабо аз номи худам ва кулли сокинони Бадахшонзамин сидқан табрику шодбош мегӯям. Мардуми баландиқболу саодатёри вилоят аз он ифтихорманду сарфароз ва шукргузоранд, ки дар шахси Шумо Сарвари хирадпешаву окил ва дурбин, покниходу адолатчуву додгустор доранд, чаро ки Худованди мутаъол дар ниҳоди Шумо – фарзанди баору номус кайҳо боз ҷавҳари меҳру муҳаббати пок нисбат ба халқу меҳани худ ва ниятҳои неки созандагӣ баҳри рушду нумӯи он ҷо додааст. Ин аст, ки Шумо рисолати роҳбариву шиори «Хизмат кардан ба халқу Ватан»-ро бо дарки амиқи масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишҳои мукаммали сиёсӣ ва дасту дили пок адо намуда истодаед. Мардуми хирадпешаи Тоҷикистон минҷумла сокинони минтақаи Бадахшон имрӯз бо камоли эҳтиром қадрдонӣ аз он карда истодаанд, ки маҳз бо иқдомҳои ҷавонмардонаю кӯшишҳои хастанопазири Шумо ҳар як гӯшаю канори Ватани азизизамон ба таври шинохтанашаванда тағир ёфта истодааст ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бо умеду урзуҳои нав ба фардо, ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару шукуфотар, ободии бештари Ватани азизамон қадамҳои устувор ба суи оянда гузошта, дуогуи ҳар субҳу шоми Шумо дар роҳи ободиву шукуфои хурамзамини Тоҷикистон мебошад ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри идомаи пайкори созандаи Шумо Пешвои муаззами миллат ва рушду тараққиёти кишвари азизамон саҳми ҳарчи бештару арзандаи худро гузоранд. Бо чунин ниятҳои нек ва ихлоси беқиёс ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бори дигар бо ин рӯзи ниҳоят мубораки ҳаётатон самимона табрик гуфта, ба Шумо тани сихат, хотири болида, умри пур аз хайру баракат, иқболу шарафи аз ин ҳам зиёдтару осудатари хонадону камоли умри фарзандон, расидан ба қуллаҳои баландтарини мақсудатон икболи бузург таманно менамоям. Бо арзи иродату эҳтироми қалбӣ,Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *