ТАЪМИНИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ ДАР ДЕҲОТҲОИ ДУРДАСТИ ВМКБ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба хотири рушд додани соҳаи алоқа дар ВМКБ кӯмак намудан ба аҳолии вилоят ҷиҳати дастрасӣ пайдо намудан ба алоқаи мобилӣ махсусан насби антеннаҳои мобилӣ дар дурдасттарин деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб ки аз тарафи Ширкати мобилии “Мегафон” амалӣ гардид миннатдории самими хешро ба ин ширкати бонуфуз баён менамояд. Қобили зикр аст, ки Булункӯл, Яшилкӯл ва дигар мавзеҳои зебои ин қисмати Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии сайёҳон мебошад ва бо барқарор шудани алоқаи мобилӣ шумораи сайёҳон дар оянда зиёд хоҳанд гардид.Албатта бояд тазаккур дод, ки бо дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли гузашта ширкати дигари мобилии бонуфузи ватанӣ “Tcell” низ як деҳаи дурдасти вилоят Бардараи ноҳияи Рушонро бо алоқаи мобилӣ таъмин намуд, ки мушкилоти аҳолии муқимӣ ва сайёҳонро хеле сабук намуд. Умед меравад, ки бо таъмин намудани 100 фоиз деҳаҳои хурд ва дурдасти вилоят дар ду соли оянда бо барқ барои пурра аз байн бурдани мушкилоти алоқа имконият фароҳам мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *