ТАЪМИРИ СИНФХОНАЕ, КИ ДАР ОН ИЛМУ ДОНИШРО АЗ ХУД КАРДАМ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯКИ МО БОШАД.

ТАЪМИРИ СИНФХОНАЕ, КИ ДАР ОН ИЛМУ ДОНИШРО АЗ ХУД КАРДАМ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯКИ МО БОШАД. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон навори видиоиеро, ки аз тарафи яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” Музаффари Имомдод нашр гардид мавриди баррасӣ қарор дода, маълум менамояд, ки дар миқёси вилоят зиëда аз 300 муассисаи таълимӣ мавҷуд ҳастанд, ки 51 адади онҳо таъмирталаб ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Масъалаи мазкур аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд ва дар соли 2019 бо супориши бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ ба вилоят сафарбар гардида, ҳамаи ин мактабҳоро ҳуҷҷатгузорӣ карданд. Баҳри иҷрои ин дастур фақат дар солҳои 2019 -2020 дар вилоят таъмир, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани чандин мактабҳо руи кор омад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ дар деҳаҳои Паткуноб, Рузвай, Сағидаршти ноҳияи Дарвоз, маркази ноҳияи Ванҷ, Будун, Вишхарв, Андарбак, Баррушон ва Вомари ноҳияи Рушон, Поршинев, Даштак, Пиш, Оқмамад, Спинзи ноҳияи Шуғнон ва фазаи якуми мактаби раками 8 шаҳри Хоруғ ба итмом расид. Соли 2018 дар миқёси вилоят 12 муассисаи таълими ба маблағи 36,6 миллон сомонӣ бо теъдоди 68 синфхона ва 1770 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Соли 2019 5 муассисаи таълими дар миқёси вилоят бо маблағи 46, 4 миллон сомонӣ бо теъдоди 38 синфхона ва 812 ҷойи нишаст ( муассисаи таълмӣ дар ноҳияи Рушон бо маблағи 14 миллион сомонӣ барои 25 синфхона ва 480 хонанда ) ва соли 2020 бошад 10 адад муассисаи таълими ба маблағи 37, 2 миллион сомонӣ сохтмон, азнавсози аз таъмири асоси бароварда шуданд. ( муассисаи таълими замонавӣ дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи 16, 5 миллион сомонӣ барои 640 хонанда)Имсол санги асос барои сохтмони мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз гузошта шуда , тендер барои сохтмони мактаби замонавӣ дар маркази ноҳияи Ишкошим гузаронида шуд. Корҳои лоиҳакашӣ дар барои сохтмони мактаби замонавӣ дар маркази ноҳияи Рошткалъа, Мурғоб ва Ванҷи боло дар соли 2021 ба итмом расида корҳои сохтмони шуруъ хоҳанд шуд. Умуман, дар панҷ соли оянда қисмати асосии мактабҳои калон аз нав сохта ва аз таъмири капиталӣ бароварда мешаванд. Дар худи ноҳияи Рӯшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чандин мактабҳои калон ва хурд ( мактаб интернати ҷумхуриявӣ дар деҳаи Вомар, мактаби Баррушон, мактабҳои рақами 9 Вомар, Ғудара, Рошорв, Разуч, Даржомч ва Сипонч сохта шуданд. Мактаби Равмед (боми ин мактаб аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав карда шуд) ва ба ин мисол мактабҳои хурде, ки дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанд, ояндаашон имрӯз зери суол аст. Дар ин мактаб ҳамагӣ 54 талаба таҳсил доранд, дар синфи 11 ҳамаги 3 талаба дарс мехонанд ва дар синфи 10 бошад тамоман талаба нест. Ба таълим дар ин мактаб 13 муаллим машғуланд. Дар ВМКБ муассисаҳои таълимие, ҳастанд (ибтидои) ки ҳамагӣ 7 талаба доранд. Чунин мактабҳо аслан дар водии Бартанг , қисмати болоии ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Мурғоб ҷой доранд. Имрӯз мақомот аз як тараф мехоҳад ин мактабҳоро бандад ва ё ба мактаби ибтидои табдил диҳад ва хонандагони синфҳои 5 — 11 -ро дар мактаб интернатҳо ( масалан дар ноҳияи Рӯшон мактаби интернати Вомар ва е Сипонҷ) ҷой диҳад, ки шароити хондан, хурду хурок ва будубош он ҷо хеле хуб аст. Мутаассифона, падару модарон бо ин иқдом розӣ нестанд, чунки мехоҳанд кӯдакон дар пешашон бошанд ва инчунин дар корҳои хона низ кӯмак расонанд. Ба замми ин ҳангоми бастани мактабҳои хурд ва ё табдил додани онҳо ба мактабҳои ибтидои боиси бекории чандин муаллимон дар ин деҳаҳо мешавад. Аз тарафи дигар аз навсозӣ ва мабалағгузории онҳо ки имрӯз аз руи принсипи маблағгузории сарикаси аст аз нуқтаи назари иқтисоди хеле мушкил аст. Дар соли 2020 мактаби миёнаи деҳаи Юбени ноҳияи Роштқалъа ки айнан дар чунин ҳолат қарор дошт, бо кӯмаки молиявии МИҲД- и вилоят, ширкати “Помир – Энерҷи” ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав сохта шуд. Барои таъмири мактаби деҳаи Басиди ноҳияи Рушон низ аз тарафи мақомоти вилояти маблағ ҷудо карда шуд. Азнавсозии муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон буда, мактабҳои калон ва анча калонтар ва е имкони зиёдшавии хонанда доранду бинохояшон дар ҳолати ногувор қарор даоранд дар навбати аввал дар солҳои наздик анавсозӣ карда мешаванд. Мутаассифона, азнавсозии мактабҳои хурд вакт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорадБояд қайд кард, ки ВМКБ имрӯз ягона минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мактабҳо сад фоиз аз ҳисоби давлат сохта мешаванд, ҳангоме, ки дар дигар минтақаҳо ин корро соҳибкорон ё худи аҳоли анҷом медиҳанд. Бинобар ин мактаби деҳаи Равмедро низ дар даҳ соли охир камаш 40 то 50 кас хатм намуданд ва хуб мешуд, ки ҳар яки онҳо барои таъмири синфе, ки дар он ҷо 11 сол илм омухтанд, кӯмак расонанд. Дар бораи мактабҳои калоне, ки ҳазорон нафар онҳоро хатм намудаанд ва шукрона, ки имруз соҳиби касбу кор ва маблағ ҳастанд ҳоҷати гап ҳам бояд набошад. Таъмири синфхонае, ки дар он илму донишро аз худ кардам бояд шиори ҳар яки мо бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *