Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати таҷлили Иди Меҳргон

Ҳамдиёрони азиз! Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои халқи тоҷик, тантанаи ҷамъоварии ҳосили деҳқон, иди фаровоӣ ва рамзи дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад. Ин ид, тибқи маълумоти таърихнигорон, таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷашнгирии он ба нимаи аввали моҳи октябр рост меояд. Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Меҳргон бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 ин ҷашни кўҳан ҳамасола дар тамоми гўшаю канори кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯзу Сада аз кӯҳантарин идҳои машҳури халқи тоҷик аст. Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба шуғлу рӯзгори деҳқонон марбут мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар солшумории ниёгони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12 рӯз бо номи моҳҳо ҳамном буда, ҳар cоле, ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ ояд, мутантан таҷлил мегардид. Рӯзи меҳр бошад, ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешавад. Аҷдодони мо ба таҷлили ин ҷашн чун Иди Мехргон омодагии комил медиданд, барои ҳарчи тезтар ғундоштани ҳосил ҳашарҳо ташкил мекарданд, сару либоси нав медўхтанд ва сайру базмҳои идона меоростанд. Дар замони Шўравӣ калимаи Меҳргон муддате аз забонҳо дур гашту қариб ба фаромўшӣ мерафт. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлолии кишвар, бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ин вожа вирди забонҳо гашт ва акнун ин иди миллӣ ҳамасола дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят бо масъулияти баланду эҳсоси ватандӯстӣ дар ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, маводҳои ниёзи мардумро пешниҳод менамоянд ва бо ин амали неку хайрхоҳонаи хеш ба хонадони ҳазорҳо сокинони вилоят шодиву нишот зам карда истодаанд. Меҳргон ҷашни баракату фаровонӣ ва шукргузорӣ аз хоки ҳосилхезу замини пурэҳсон аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, бо таманнои он ки деҳқонони ризқофари мо ҳамеша тансиҳату рӯҳбаланд бошанд ва дар фазои сулҳу суботи Ватан бо хотири осуда кору фаъолияти пурсамар намоянд, бори дигар ин ҷашни баракату эҳсонро ба ҳамаи шумо ва ба кулли сокинони вилоят муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон осудаҳолӣ, саодатмандӣ ва дастархони пур аз нозу неъмати меҳргонӣ орзу менамоям.Ҷашни меҳргон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *