Иди меҳргон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

17 октябр муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Носирзода Умедҷон дар шахри Хоруғ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони шахри Хоруғ иштирок карданд.Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба маъраз гузоштанд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коргоҳҳои банду басти меваи хушк, сабзавот, асал ва соҳибкорони инфиродӣ намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар иди Меҳргон – ҳамчун иди ҳосилу фаровонӣ муаррифӣ намуданд.Ин натиҷаи истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмӣ, ҷорӣ намудани агротехникаю технологияҳои пешрафта, заҳмату кордонӣ ва маҳорати кишоварзон мебошад.Муовини раиси вилоят диккати кишоварзони вилоятро барои истифодаи самараноки заминҳо ва боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *