ТАЧЛИЛИ РУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВМКБ

Имрӯз бо иштроки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилояти иштрок намуданд. Зимни суханронӣ раиси вилоят қайд доштанд, ки мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат медиҳад, аз ҷумла, Парчам чун як рамзи истиқлолияти давлатӣ ва ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсозӣ ва инсоният мавқеи муҳим дорад. Парчам ба сифати як рамзи ҳастии кишвар ва давлатдорӣ миёни дигар рамҳои давлатӣ ҷойгоҳи хосе дошта, дар шинохту ҳуввияти ҳар як миллат аз худ нақши носутурдание гузоштааст. Ба ин маънӣ Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муносиб ва таърихи омӯзандаеро дорост. Нахуст зикр кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатию миллии мо, пеш аз ҳама, тимсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, иттиҳоду якдилии миллатҳои дар ин кишвар зиндагидоштаро ифода менамояд. Ҳамчунин Парчам дар баргузории чорабинҳои расмию ғайрирасмӣ , фарҳангию варзишӣ, дар маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат нақши хос дорад. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мқоми олии давлатӣ – Президенти кишвар шахси интихобшуда баъд аз расми савгандёдкунӣ дар назди Парчам зону зада, онро мебӯсад ва бо ин садоқати худро ба Ватану миллат ва муқаддасоти миллии он ифода менамояд. Расми савгандёдкунӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ роиҷ буда, ҳар як сарбоз пас аз қабул шудан ба сафи ин ниҳод қасам ёд мекунад. Ба ин хотир ба Парчам чун яке аз муқаддасоти миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, эҳтиром мегузорад. Рӯзи Парчам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 – уми ноябр эълон гардидааст ва ин сана ҳамчун рузи ид дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бошукуҳ ва тантана истиқбол гирифта мешавад. Бигзор, Парчами давлатию миллии Тоҷикистон ҷовидона парафшон бошад. Дар анҷоми чорабини бархе аз кормандони давлати бо ифтихорномаи раиси вилоят қадридони гардиданд ва инчунин барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *