Ба Волоҳазрати Воломақом, Шоҳзода Карим Оғохон – Мавлоно Ҳозир Имом

Волоҳазрати Воломақом,

Бо эҳсоси ифтихор ва хушнудии бузург Шуморо Мавлоно Ҳозир Имом, Имоми маҳбуб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва сокинони баландтолеъи он табрик ва муборакбод намуда ба Шумо сиҳатии бардавом ва солҳои тӯлонии ҳаёти пурфайзро таманно дорам. Инсоният кам бузургонро дар ёд дорад, ки ин қадар умри пурбаракати худро тавассути меҳнати шабонарӯзӣ барои инсоният бахшидааст. Ифтихор ва сарбаландии мо аст, ки Шумо Волоҳазрати Воломақом ҳанӯз аз рузҳои аввали душвори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро дастгирӣ намудед. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ барои ташкилотҳои Оғохон ва Институтҳои ҷамоатӣ дар кулли қаламрави Тоҷикистон на фақат барои бемайлон фаъолият кардан шароити фароҳам овард, балки ба онҳо имтиëзҳои зиёдеро низ раво дид. Хушҳолем, ки айни ҳол ин ҳамкорӣ сатҳи навро касб намуда, дар тамоми соҳаҳо бомаром идома дорад ва номаи табрикотии Шумо ба унвонии Ҷаноби Олӣ, ба хотири якдилона интихоб шуданашон ба мансаби Президенти мамлакат худ шоҳиди ин ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарӣ аст. Ҷамоати исмоилияи Тоҷикистони озод ва соҳибистиқлол аз он шукргузор аст , ки таҳти муҳофизат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати нозукбинонаи Пешвои миллат қарор дошта ҳамвора бо Имомат робитаи мустақим доранд ва аз кӯмак, дуо ва баракати Шумо низ хеле хуб бархурдоранд, ки мутаасифона на дар ҳамаи мамлакатҳои дигар чунин неъмати бузурги дутарафа ба ҷамоат насиб шудааст. Панду насиҳатҳои пайвастаи Шумо дар хусуси шаҳрванд ва муриди беҳтарин будан, пуштибонӣ аз волоияти қонун, сулҳу субот ва ватандӯстиву ободкорӣ дар ин дунёи пуртаззод ва ноором хеле саривақтӣ буда, ҳамқофияи сиёсати Роҳбарияти Олии мамлакатамон мебошанд. Бори дигар Рӯзи Мавлуди Мубораки Шумо ҳумоюн бод, умри пурбаракататон бепоён ва бигузор Худованд ба Шумо нерӯи тамомнашванда дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ва бузург ато намояд.Бо эҳтироми беандоза Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *