ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ Санаи 21 уми декабри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2020, гурӯҳи корӣ дар ҳайати Котиби Шурои Амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, Раиси Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния ва Ҳайати гурӯҳи корӣ аз ҳисоби бахшҳои занон, ҷавонон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони идораву муассисаҳо, бо фаъолону идораву муассисаҳо аз ҷумла бо сокинони ноҳия, фаъолони шаҳраки Мурғоб инчунин деҳотҳои дурдастарини чамоатхои Қаракул, Рангкул, Кизилработ ва ҷамоати Ғ.Бердибаев вохӯрӣ намуда, аз НБО- и «Тоҷикистон» ва коллектори офтобии шаҳраки Мурғоб дидан намуданд. Дар вохӯрӣ Котиби Шурои Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу сипоси Сарвари давлатро ба сокинон барои иштироки фаъолона дар маъракаи интихобот расонида, муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ шарҳ доданд. Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру тармими манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода, аз мушкилоту камбудиҳои сокинон суҳбат намуданд. Сокинони ноҳияи Мурғоб дар сухбаташон ба Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамарӯзаашон сипосгузорӣ намуда, ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат баён намуданд. Инчунин, зимни ин сафар аз ҷониби Раиси Кумитаи Ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба 3 нафар иштирокчии озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ба 60 нафар оилаҳои камбизоат кумакҳои яквақта расонид. Аз қисмҳои ҳарбӣ-низомии 0412 ва 15426 дидан намуда, барои афсарону аскарон зиёфат ташкил намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *