РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ ВА ХОТИРМОНИ СОЛИ 2020 Ш. АФЗАЛШОЕВ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ ВА ХОТИРМОНИ СОЛИ 2020 Ш. АФЗАЛШОЕВ. Соли 2020 дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеаҳои муҳим ва хотирмон ба вуқӯъ пайвастанд. Дар роҳи таҳкими давлатдорӣ Дар ибтидои сол маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот оғоз гардид. Интихобот 1 март доир гардида, дар овоздиҳӣ 104 ҳазору 710 нафар, ё худ 97,3 фоизи интихобкунандагони вилоят иштирок намуданд. Аз натиҷаи овоздиҳӣ дар 2 ҳавзаи ҳудудӣ- интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Азиз Гиёзода вакил интихоб гардиданд. Аз 66 ҳавзаи интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони халқи ВМКБ дар рӯзи интихобот 64 вакил ва 2 вакили дигари халқи вилоят дар овоздҳии такрорӣ интихоб гардиданд. 27 март дар ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии ВМКБ №1 доир гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонии 311 нафар вакилони интихобшудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов – раиси ВМКБ, Саидраҳмон Абдураҳмонзода- раиси ноҳияи Дарвоз, Фаррух Додихудо-раиси ноҳияи Рӯшон, Шодигул Қонунзода-директори муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, Мусо Мирзозода-раиси ноҳияи Ишкошим интихоб гардиданд. Муҳимтарин рӯйдоди дигари сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Интихобот дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардид. Дар интихобот 110 ҳазору 193 ё худ 99,99 фоизи интихобкунандагон ширкат доштанд. Аксари кулли интихобкунандагон ба тарафдории номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Пешгирии хуруҷ ва паҳншавии КОВИД-19 Бинобар хуруҷ гирифтани бемории сироятии коронавируси навъи КОВИД-19, ба мақсади пешгирии паҳншавии он дар вилоят аз ибтидои сол андешидани чораҳои амалӣ оғоз гардиданд. Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Қулма ва Қизиларт аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тиб ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуд. Рафтуомади мусофирон ба ҳар ду ҷониб зери назорати тиббӣ ва карантинӣ қарор гирифт. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хатари ин беморӣ ва роҳҳои муҳофизат аз гирифтор шудан ба ин вабо ба роҳ монда шуданд. Дар баробари ин, дастрас ва таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ бо маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, доруворӣ ва лавозимоти зарурии табобатӣ дар муассисаҳои тиббӣ ҳаллу фасл мегардид. Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии аҳолии осебпазир, аз ҷумла табибон ва маризон кумаки яквақтаи озуқаворӣ ва доруворӣ дастрас гардид. Фаъолияти дастҷамъонаи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо шарикони рушд, бахусус Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон, дигар ташкилотҳои хайрхоҳ, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ризокорон имкон дод, ки давоми сол хуруҷи ин беморӣ дар вилоят назар ба дигар манотиқи кишвар пасттар буд. Чораҳои андешидашуда, бахусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумла таъмини шаҳрвандон бо варақаҳои корношоямӣ ва пардохти ҷубронпулиҳо, нигоҳубин ва табобати беморони коронавирус аз ҳисобимаблағҳои мақсаднок, аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пардохти яквақта ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал, иловапулӣ ба табибон, ки ба ташхис ва муолиҷаи беморони коронавирус ҷалб шудаанд ба роҳ монда шуд. Эълон намудани таътил дар пардохти андозҳо барои соҳаҳои хизматрасонӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ, озод намудани соҳибкорон аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул, ба онҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ, паст кардани андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ, танзими нарху навои доруворӣ ва маводи озуқаи ниёзи аввалия, озод намудани воридоти маводҳои доруворӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, таҷҳизоти озмоишҳои тиббӣ ва мавод барои муайян намудани бемории сироятии коронавирус аз пардохтҳои гумрукӣ имкон доданд, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилоят муътадил нигоҳ дошта шавад. Ба хотири беҳдошти вазъи иқтисодӣ Новобаста ба хуруҷ ва паҳншавии бемории КОВИД-19 нимсолаи аввали соли 2020 бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гардид. Аз рӯи ҳисоботи мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят беш аз 110 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2019 1,2 млн. сомонӣ бештар буд. Қисми даромади буҷети худии вилоят ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети маҳаллӣ зиёда аз 136 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд. Маблағи қарздиҳии бонкҳо ба аҳолӣ нисбати ин давраи соли гузашта ба андозаи 362 ҳазор сомонӣ ва пасандози аҳолӣ беш аз 16 млн. сомонӣ афзуд. Дар баробари ин, интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар ба вилоят 430 ҳазор доллар кам гардид. Ба мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар бо супориши Сарвари давлат кишоварзони вилоят кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Бо назардошти зиёд намудани майдони кишт соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10531 га. зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шуданд, ки ин назар ба соли 2019 2087 га. бештар буд. Ҳамчунин дар 96 га. кишти такрории зироатҳо гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти мавсим дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 4798 тонна ғалла, 26 ҳазор тонна картошка, 662 тонна сабзавот ва 17473 тонна мева ҷамъоварӣ карда шуд. Ин давра беш аз 6724 тонна гӯшт, 14622 тонна шир, зиёда аз 3.185 ҳазор дона тухм, қариб 20 ҳазор тонна асал истеҳсол шуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли сипарӣ 463.3 млн. сомониро ташкил дод, ки ин назар ба соли 2019 бо нархҳои муқоисавӣ 2,4 фоиз бештар аст. Агарчи вобаста ба хуруҷ ва паҳншавии бемории коронавирус истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва энергетика, хизматрасонии пулакӣ, маишӣ, савдо ва суръати сохтмон коҳиш ёфта бошад ҳам, соли сипарӣ иншоотҳои зиёди саноатӣ, барқ, алоқа, нақлиёту роҳ, обрасонӣ, манзили зист, мактабу дармонгоҳҳо, идораву муассисаҳо, коргоҳҳои савдову хизматрасонии нав ба истифода дода шуданд. Самараи сафари навбатии Пешвои миллат Аз 19 то 22 августи соли сипарӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ – иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Дарвоз корхонаи «Карон калсит», ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба истеҳсоли микрокалсит – ашёи барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дар ҷаҳон серталаб, Парки инноватсионии саноатию технологии дорои 8 коргоҳи парвариш ва истеҳсоли меваву сабзавот, маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, обҳои ташнашикан, коркард ва банду басти асал, истеҳсоли картон нигаронида шуданд, Боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, бинои нави суди ноҳия ва меҳмонхонаи муосири «Чорчаман Хилс»-и истироҳатгоҳи «Чорчаман» ифтитоҳ бахшид. Дар мавзеи Дашти Лучи ба сохтмони канали обрасон, Мактаби президентӣ дар деҳаиУмарак ва хобгоҳ барои тарбиятгирандагони он санги асос гузошта, бо буду боши хизматчиёни қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳия шинос гардид ва дар нишасти хоса ба 55 нафар ятимони кулл ва маъюбон-тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Дар ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат пас аз шиносоӣ бо намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва ҳунармандони ноҳия ба фаъолияти маркази савдои «Ванҷ сити», биноҳои нави шуъбаи милитсия ва комиссариати ҳарбӣ оғоз бахшид. Дар ноҳияи Рӯшон Сарвари давлат бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини маркази ноҳия Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос гардида, дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ, биноҳои нави Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи рақами 9, Бонки давлатии «Амонатбонк», Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар деҳаи Барзуд майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар шаҳри Хоруғ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои бисёрошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мактаби рақами 8, Филиали Бонки давлатии «Амонатбонк», Коргоҳи нави дӯзандагии «Баҳори ишқ», Маркази савдои «Нигини Хоруғ», Театри вилоятӣ, майдончаи муосири варзишӣ дар маҳаллаи Тирчидро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди пули мошингузар дар маҳаллаи Дашти Поён, ки аз болои дарёи Ғунд сохта мешавад, санги асос гузошт. Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилоят суҳбати ошкорову самимӣ доир намуд. Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки дар баробари корҳои то кунун анҷомдода Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳдошти минбаъдаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят тамоми чораҳои заруриро хоҳад андешид, Ҳукумати мамлакат, – қайд намуд Пешвои миллат, – бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст… вазифаи ҳар як роҳбар, аз вилоят сар карда, то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини вобаста ба ҷавонону занон, инчунин, фаъолон, аҳли зиё, ходимони дин ва шахсони обрӯманд, дар шароити имрӯза сарварӣ кардани мардум, ба корҳои ободгарона ташвиқу тарғиб намудани аҳолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Новобаста ба таъсири манфии хуруҷ ва паҳн-шавии бемории коронавирус ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои амалӣ меандешид. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 сентябри соли сипарӣ маоши вазифавии кормандони сохторҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, стипендияи донишҷӯён, нафақа аз рӯи синну сол ба андозаи 15 фоиз, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шуд. Дар баробари ин ба ифтихори Ҷашни 29 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар ба 1917 сокини эҳтиёҷманди вилоят кумаки моддӣ – молиявӣ расонида шуд. Аз ҷумла ба 1337 маъюб 1500 –сомонигӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ, ба 510 маъюби дигар 1000-сомонигӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва ба 70 ятим либосворӣ ва 1000 сомонигӣ тақдим гардид. Новобаста ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ соли 2020 соли бобарор ва умедбахш ба ояндаи зиндагии осудаҳолона буд. Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азизу гиромӣ!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *