Беҳтарин чеҳраҳои ҳунар муаррифӣ шуданд

Ба хотири муаррифии беҳтарин устои асбобҳои мусиқии халқӣ ва беҳтарин бофандаи соли 2020 дар Маркази сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Де Памири» Ёралӣ Бердов зимни натиҷагирӣ аз озмун қайд кард, ки ташкилоташон аз соли 2004 инҷониб дар самтҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии аҳли санъату фарҳанг ва рушди истеъдодҳои наврас фаъолият намуда, барои муайян кардани чеҳраҳои нави ҳунар ҳамасола озмунро баргузор менамояд.Бо паҳншавии касалии Коронавирус ва мушкилии авзоъ нигоҳ накарда, Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият мекард. Маҳсули дасти ҳунармандони ин марказ дар шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои Федератсияи Русия-Томск, Санкт-Петербург ҷва Москва ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифтанд. Имрӯз ҳам аз байни 10 нафар устоҳои беҳтарини асбобҳои мусиқӣ ва 10 бофандаи беҳтарини ноҳияҳои вилоят онҳое ба ҷамъомад даъват карда шуданд, ки ғолиби озмун гардиданд.Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баромад карда, қайд кард, ки соли 2020 бинобар касалии Коронавирус соли мушкилтарин буд, вале новобаста ба ин раиси вилоят муҳтарам Ёдгор Файзов ҳунармандонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуда, барои зинда ва эҳё намудани ҳунарҳои халқии Бадахшон онҳоро қадрдонӣ менамуд. Бадахшон минтақаи асосии рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон мебиёянд, аввал аз Бадахшон дидан мекунанд, аз чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, аз кӯҳҳои сарбафалак, аз табиати нотакрори он. Аз ин ҷост, ки кӯҳҳои Бадахшон ба феҳрасти 100 минтақаи мувофиқ барои туризми экологӣ дохил гардиданд.Барои дарёфти истеъдодҳои нави ҳунар чунин озмунҳо минбаъд ҳам, ташкил карда шаванд, иброз дошт, – муовини раиси вилоят ва ғолибони озмунро табрик намуд.Дар фарҷом аз тарафи муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ба 4 нафар бофандаи беҳтарини вилоят Гулзор Маҷнунова, Гулбону Кабирова, Соҳибгул Муминшоева, Суханоро Алибахшова ва 3 нафар устои беҳтарини асбобҳои мусиқии халқии Бадахшон Озод Ошурмамадов, Суҳайлӣ Дилшодов ва Саидҳасан Саидҳасанов ифтихорнома ва мукофотпулӣ супорида шуданд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *