Ғолибони озмун қадр гардиданд


Дар маҷлисгоҳи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маросими қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов чорабиниро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки аз миёни иштирокдорони даври вилоятии озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар роҳхат гирифтанд, ки аксарияташон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ҳастанд.
Хушбахтона, дар даври ҷумҳуриявии озмун хонандаи синфи 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 –и ноҳияи Шуғнон Мабатқадамова Шаҳина аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона соҳиби ҷойи якум ва хонандаи синфи 11 –и Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Одинамамадова Шарифамоҳ аз рӯйи номинатсияи азбар кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 3-юм гардида, иштирокдорони дигар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокдорони озмун, муаллимон ва волидони онҳо изҳори миннатдорӣ карда, ширкати фаъоли хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро дар он шоистаи таҳсин хонд.
-Озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, бори дигар исбот менамояд, ки мардуми тоҷик таърихан миллати фарҳангдӯст, соҳибкитоб ва тамаддунофар буда, пайравӣ кардан ба гузаштаи пурифтихор ва рӯ овардан ба китобхонӣ дар замони муосир зарур ва ҳатмист. Маҳз тавассути мутолиаи китоб инсон ба худ ҷаҳонро кашф мекунад, муҳити маънавиашро ғанӣ мегардонад. Хондани китоб дар ҷавонӣ “ин нақш дар санг ва дар пирӣ каф дар об”. Аз ин рӯ, барои китобхонии фарзандонамон шароит муҳайё созем, то дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд,-афзуд раиси вилоят.
Бо изҳори нигаронӣ аз ширкати сусти дигар табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла донишҷӯёну омӯзгорон, ҷавонон ва калонсолон дар озмун, раиси вилоят гуфт, ки минбаъд бояд ба он доираи васеи омма ҷалб карда шаванд.
Дар навбати худ иштирокдорони озмун, волидон ва омӯзгорони онҳо баромад намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баён намуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ғолибони озмун ва дигар иштирокчиён бо Ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси вилоят қадр гардиданд. Ҳамчунин волидон, омӯзгорон ва онҳое, ки дар баргузории озмун саҳм гузоштанд, бо ифтихорнома ва сипосномаи Раиси вилоят, иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ ва Раёсати маорифи вилоят сарфароз шуданд. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *