Дар Хоруғ филилаи ДДТТ кушода хохад шуд.

Дар Хоруғ филилаи ДДТТ кушода хохад шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дар шаҳри Хоруғ Филиали маркази омодагии қаблӣ кушода мешавад. Ин масъала дар назди муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода бо ширкати намояндаи донишгоҳ, масъулини ҳифзуссиҳат ва маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тоҳир Ниятбеков, номзади илмҳои биологӣ, устоди ДДТТ ба номи А. Сино таъсиси филиали мазкурро дар тайёр намудани довталабони риштаи тиб ва пешакӣ омода кардани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз кард, ки бо кушода шудани он сифати қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар вилоят беҳтар мегардад. Таҳсил дар марказ тули 8 моҳ идома карда, дониши андӯхташуда барои хонандагон барои қабул ва минбаъд дар рафти таҳсил дар донишгоҳ кумак хоҳад кард. Аз рӯи гуфти мавсуф, фаъолияти филиали мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки 90 дарсади хонандагон баъди хатми он ба ДДТТ дохил мегарданд. Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят тасмими донишгоҳро дар самти омода кардани кадрҳои соҳаи тиб қобили қабул дониста, афзуд, ки зимни таҳсили довталабон бояд шароити иқлими баланкӯҳ ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин муовини раиси вилоят вобаста ба таҳсили довталабон аз минтақаҳои дурдасти вилоят, муқаррар намудани имтиёз барои довталабони оилаҳои ниёзманд, ташвиқу тарғиби фаъолияти филиали мазкур ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши пешакӣ ибрози назар намуд. Дар рафти суҳбат гуфта шуд, ки айни ҳол дар Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ду утоқи корӣ барои фаъолияти филиали мазкур ҷудо гардида, дар назар аст, ки он дар соли равон ба фаъолият шурӯъ намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *