ҶАЛАСАИ ШУРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷаласаи шурои кор бо ҷавонон ва варзиши назди Раиси ВМКБ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, ки аъзои шуро ҳастанд иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа ҳисоботи сардори Раëсати кор бо ҷавонони ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев шунида шуда қайд дошатанд, ки ҷавонони вилоят имруз бо шукригузори аз фазои сулху субот ва сиëсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа дастгирӣ намуда дар ободонию созандагии вилоят саҳм арзанда доранд. Инчунин дар кори ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов суханрони ва кори шуро натиҷагири намуданд. Дар фарҷоми шуро аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилоят муҳтарам Ëдгор Файзов бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи варзиш бо унвонҳои ифтихорӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.и ещё 70Охват (люди)10ВзаимодействияПродвижение недоступно

66

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *