ДАР ВМКБ ДАР СОЛИ 2020 ЗИËДА АЗ ПАНҶ ҲАЗОР НАФАР БО ҶОЙҲОИ КОРИИ ДОИМӢ, МАВСИМӢ ВА МУВАҚҚАТӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Назиров Мамадкарим сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят қайд доштанд, ки дар соли 2020, 8590 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 3062 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 6194 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 2183 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 5057 нафар таъмин шуданд.Дар ин давра 74 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 415 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 130 корхона ва 3096 корҷӯй иштирок намуданд. Аз ин 1907 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 173 нафар бо кор таъмин шуданд ва 1305 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 439 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Барои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани шахсони бекор ба 539 нафар ба маблағи 1559855 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.Макони асосии таъмини аҳоли бо ҷойи кор ассосан сектори хусусӣ тавассути ташкили корхонахо, нуктаҳои хизмати маишӣ, саёҳӣ, иншооти сохтмонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Ташкили шакли нави кор ба монанди ба роҳ мондани хизматрасонӣ тариқи онлайн барои ширкатҳои берун аз ҷумҳурӣ низ ривоҷ ёфта истода, айни ҳол дар маркази “Иноватсионии Помир” 70 нафар ҷавонони забондон машғули чунин намуди фаъолият мебошанд.Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2020 аз вилоят 6393 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 6393 нафар (мард 5535, зан 858) муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд. Аз хориҷи кишвар 3962 шаҳрванд (мард 3216, зан 746) ба ватан баргаштанд. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ 84 нафар ва экологӣ 40 нафарро ташкил медиҳад.Дар соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 33632237 доллари ИМА интиқол доданд, ки ин нисбати соли гузашта хамагӣ 142934 доллар камтар мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *