Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа доир шуд.

Санаи 17 уми феврали соли 2021таҳти раёсати Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа Иҷлосияи ҳафтуми , (даъвати шашум)и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва раисони Ҷамоатҳои деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ширкат намуданд.Ба муҳокимаи иҷлосияи ҳафтуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин:1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Роштқалъа “Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ истифода ва идораи иншоотҳои комуналии ноҳияи Роштқалъа дар соли 2020”2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 20.05.2019 рақами 177 оид ба иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 08.04.2019 роҷеъ ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.03.2019 рақами АП 1176″Дар бораи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”.3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва шуғли аҳолӣ.4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Зигур рақами 9 Риҷаббекова Манзура “Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ”.5. Тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми(даъвати шашум) Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул гардидаанд, баррасӣ ва муҳокимаронӣ гардиданд.Аз рӯи масъалаи якум раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Назаршозода Лоиқ ҳисобот дода, оиди иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хочҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои комунналӣ ва дигар бурду бохти ноҳия суханронӣ намуд.Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур, Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов суханронӣ намуда, аз ҷумла масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи ноҳияи Роштқалъаро ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи буҷети ноҳияи Роштқалъа дар соли 2021, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, назорати истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфт ва муаррифӣ намудани ҷойҳои таърихии ноҳия, ҳаматарафа ва пурра омода намудани хонандагон ва дигар қишри ҷомеаро ба озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вазифадор намуданд. Иҷлосияи ҳафтуми (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа аз рӯи як қатор қарорҳои қабул намудаи Раиси ноҳияи Роштқалъаро, ки дар байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми (даъвати шашум )-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ шудаанд, қарорҳои дахлдор қабул намуд ва бо ҳамин иҷлосияи ҳафтуми(даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Роштқалъа , кори худро ба анҷом расонд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *