ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ. МИНБАРИ МУКОЛАМА МИЁНИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Чоряк аср муқаддам дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти нави сиёсию иҷтимоӣ – Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт, ки дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат ба таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулият дорад. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш ба минбари муколама, таҳлилу машварат, таҳаммулпазирии диду назарҳо ва табодули назар мубаддал гашта, дар атрофи худ беҳтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро гирд овардааст.Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ аз тариқи баргузории ҷаласаҳо, мизҳои мудаввар, конфронсу назарсанҷӣ ва семинарҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронда мешавад, ки дар кори онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли масоили мубрами мавҷуда пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол медорад.Дар тӯли 25 – соли фаъолияти пурсамари хеш Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби бузурги таҳлилӣ, машваратӣ ва омӯзиш табдил ёфта, дар ин муддат вазифаҳои зеринро ба таври мунтазам иҷро намудааст:- таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин, рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ;- таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавӣ) ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузарондани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳими иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин, пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо;- таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, инчунин, пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа нигаронда шудаанд;- ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор; – мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд;- мусоидат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ.Масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор мегиранд, бо пешниҳоди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар мувофиқа ва бо ризоияти Раиси Шӯро мушаххас гардида, дар сурати зарурат масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷаласаҳои ғайринавбатии он матраҳ мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *