Дар тарабхонаи “Шоми Бадахшон” шаҳри Хоруғ чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки кормандони идораи телевизион ва радиои вилоят, Рузноми Бадахшон, Почтаи тоҷик дар вилоят ва дигарон баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси вилоят ба маъсулини чорабинӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҳамоиши Наврузӣ изҳори сипос намуда баëн доштанд, ки Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва баҳри ҳар иқдоми нек замина мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро хосатан таъкид намудаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон пешкаши иштирокдорон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *