Нуфузи ҲХДТ дар вилоят меафзояд

Дар шаҳри Хоруғ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар кори маҷлис узви Раёсати КИМ ҲХДТ, раиси вилоят Ёдгор Файзов иштирок ва баромад намуд.
Ба баррасии маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят масъалаи кадрӣ ва ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар вилоят оиди фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм пешниҳод гардиданд.
Бо пешниҳод ва розигии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҷабова Зунайда Абунасровна муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилоят якдилона аз ҷониби аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятӣ интихоб гардид. Маврид ба зикр аст, ки ин интихоб дар чаҳорчӯбаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба корҳои сиёсию роҳбарикунанда ҷалб намудани бонувони фаъол яке аз рукнҳои меҳварии он мебошад, ба амал омад.
Раҷабова Зунайда кадри ҷавон ва болаёқат буда, зинаҳои гуногунро дар мақомоти давлатӣ- аз мутахассиси дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯшон то мутахассиси пешбари Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Тоҷикистон тай намудааст. То интихоб гаштан ба ин вазифаи пурмасъулият дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят ба симмати сармутахассис кор мекард. Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари адои ӯҳдадориҳои мансабӣ, дар корҳои ҳизбию ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, байни ҳамкорон соҳиби обрӯи ҳамида аст.
Дар ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Фелалиев Рустам зикр гардид, ки айни замон дар 379 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии вилоят 14782 нафар аъзои ҳизб ба ҳам омадаанд. Дар соли ҷорӣ бошад зиёда аз 150 шаҳрванд ба сафи ҳизб дохил шуданд. Кулли ҳизбиёни вилоят дастуру ҳидоятҳои Роҳбари муаззами ҳизб, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз суханронияшон дар анҷуману маҷлисҳои КИМ ҲХДТ бармеоянд, сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Тоҷикистон заҳмат кашида истодаанд. Кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва идораву муассисаҳои давлатӣ дар ташкил ва баргузор намудани ҳамаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ саҳмгузор буда, дар доираи имконият ба қишрҳои ниёзманд дасти кӯмак дароз менамоянд. Инчунин, бо ибтикори ташкилотҳои ҳизбӣ озмунҳои зеҳнию маърифатӣ дар байни толибилмону донишҷӯён мунтазам ташкил гардида, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд. Чунончи, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистон яктост, Модар яктост” дар байни толибилмон баргузор гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Бо ибтикори КИ ҲХДТ-и вилоят дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи баскетбол байни ҷавондухтарони донишҷӯ ташкил гардида, ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.
Барои баланд бардоштани савияи кордонӣ ва таҳкими донишҳои сиёсии аъзоён ва масъулини ҳизбӣ семинару курсҳои омӯзишӣ, бо ҷалби устодон ва сиёсатшиносон аз пойтахти мамлакат доир карада мешаванд, ки дар беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти коргузорию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ мусоидат менамоянд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” низ дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳо ва иқдомҳо дар байни ҷавонони вилоят баромад менамояд. Сафи аъзоёни ин ташкилот сол ба сол афзуда, саҳми он дар пешбурди сиёсати давлатию ҳизбии ҷавонон дар шаҳру навоҳии вилоят назаррас мебошад.
Дар радифи ин, аз ҷониби Фелалиев Р. таваҷҷӯҳи ҳизбиён ба баъзе мушкилот ва норасоиҳои фаъолияти ҳизбӣ, аз қабили дуруст ва аниқ ба роҳ намондани раванди бақайдгирӣ ва ҳаракати аъзоёни ҳизб, масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳо ва дигар масоил ҷалб гардида, масъулин муваззаф гардиданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин норасоиҳоро бартараф намоянд. Ҳамчунин, нақшаи фаъолият ва вазифаҳо дар моҳҳои оянда пешниҳоду гузошта шуда, зикр гардид, ки соли 2021 ҳамчун соли таърихӣ дар пеши аъзои ҳизб ӯҳдадорию масъулияти дучандро вогузоро менамояд. Зеро, бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва фаъолияти самаранок пешвоз гирифтану таҷлили санаи муқаддасу муҳим, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо нерӯи бузурги ҳизбии худро сафарбар намоем.
Аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар суханронии худ вобаста ба муҳимияти фаъолияти ҳизб қайд намуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун нерӯи муқтадири сиёсию ҷамъиятӣ, дар паҳлӯи Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушду инкишофи Ватани маҳбуб фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Раиси вилоят диққати ҳозиринро ба таърихи таъсисёбии ҳизби мазкур ва дурандешии Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷалб сохта, афзуд, ки ин иқдом дар асоси ба назар гирифтани назарияи ташаккули давлат ва таҷрибаи пешқадами мамолики дорои низоми демократӣ амалӣ гардид ва имрӯз мо самараи мусбии онро баръало дида истодаем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияти худ тавонист, таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барномаю ташаббус ва иқдомҳои наҷибонаи худ на танҳо дар низоми сиёсии кишвар, балки берун аз он низ мақоми хосаи худро пайдо намояд. Яке аз вазифаҳои калидии ҳизб ин ташвиқу тарғиби дастовардҳои Давлату Ҳукумати Тоҷикистон буда, тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа ва ҷалби ҳарчи бештари аъзо имконият медиҳад, ки барномаи ҳизбӣ, ки маҳз ба муҳайё сохтани ҳаёти шоиста барои ҳар як сокини тоҷикистонӣ нигаронда шудааст, амалӣ гардад. Ҳизб ба сифати минбари идеологӣ хизмат мекунад. Ва имрӯз ин минбар бояд барои таҳкиму тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдату ягонагии миллӣ ва ғояҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ самаранок истифода бурда шавад.
Барномаи пешазинтихоботии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми ироагардидаи Роҳбари Давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳуҷҷатҳои асосӣ ва таҳкурсии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиянд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо ҳар як аъзои ҳизб масъул мебошад. Дар марҳилаи ҳозира, ки вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон печ дар печ аст ва таъсири он ба кишвари мо ногузир мебошад, фаъолияи ҳизбиён, махсусан, дар самти пешбурди корҳои идеологӣ дар байни ҷомеа, бояд густурдатар гардад. Барои анҷоми ин корҳо мо шароиту имконияти пурра дорем. Бо мақсади ҷавоби асоснок додан ба хабарҳои иғвоангез, пешгирӣ намудан аз хурофотпарастӣ ва дар рӯҳияи ватанпарастию миллатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон кулли зарфиятҳои моддию зеҳнии ҳизбӣ бояд сафарбар гарданд. Бо мақсади бо натиҷаҳои баланди меҳнатӣ сазовор истиқбол намудани ҷашни умумимиллиямон 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ моро зарур аст, ки бо масъулияти дучанд меҳнат намуда, барои ободии диёру ватан саҳми худро гузорем.
Дар маҷлис ҳамчунин собиқадори ҳизб Орумбекова Гудаста, аъзои ташкилоти “Созандагони Ватан” Улуғбеков Ямин ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ Субадоров Атобек баромад намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз аз ҳар вақта дида, аъзоёни ҳизб масъулиятро бобати иҷрои вазифаҳо дучанд ҳис намуда, кӯшиш менамоянд, ки сазовор будани узвияти худро дар ин ҳизби бонуфуз бо рафтору муносибати ҳасанаи худ исбот намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки сафи аъзоёни ҳизб дар вилоят аз ҳисоби ҷавонону занон ҳамасола меафзояд. Дар маҷлис ба як қатор ҷавонони фаъол, ки хоҳиши бо ин ҳизб пайваст намудани тақдир карданд, шаҳоданномаҳои ҳизбӣ тақдми гардиданд.
Барои қадрдонӣ аз фаъолият ва зоҳир намудани ташаббус ба собиқадорони ҳизб Орумбекова Гулдаста ва Қозибеков Ҷонибек тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба Собиров Ғуломнабӣ, Қозидавлатзода Зайнулараб, Худоёрбекзода Хосият ва Мародасейнова Маърифат сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят тақдим гардиданд.
Бо дида баромадани дигар масъалаҳои ҷорӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят кори худро анҷом дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *