Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф вусъат меёбад

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов муаррифии барномаҳо ва лоиҳаҳои шарикони рушд дар соҳаи маориф дар ВМКБ доир гардид. Дар кори он роҳбарияти як қатор шӯъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раёсати маорифи вилоят ва созмонҳои байналмилалӣ-шарикони рушд иштирок намуданд.
Ёдгор Файзов чорабиниро ифтитоҳ намуда, пеш аз ҳама ба кулли шарикони рушд, ки ҷиҳати рушду инкишофи соҳаи мазкур дар вилоят мусоидат менамоянд, изҳори сипос намуда, қайд сохт, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маорифро афзалиятнок эълон намуда, барои ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани он, аз буҷаи давлат, нисфи маблағҳои ба соҳаи иҷтимоӣ ҷудошавандаро ба ҳамин самт равон месозад. Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат даҳҳо муассисаҳои олӣ таъсис ёфта, ҳазорон бинои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёна сохта, таъмир ва таҷдид гардиданд. Бунёди муассисаҳои томактабӣ низ таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, барои таҳкими заминаҳои моддию таҷҳизотии муассисаҳои соҳаи мазкур аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда мешавад.
Зимнан Раиси вилоят аз нишондодҳои рушди соҳаи маорифи вилоят сухан гуфта, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба ҷалби хатмкунандагон ба омӯзиши касби омӯзгорӣ, махсусан, омӯзгори фанҳои дақиқ ва табиӣ ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда, мақоми муаллиму мураббӣ дар ҷомеа бояд баландтар бардошта шавад. Ба таъкиди роҳбарияти вилоят то ҳанӯз суръати бунёд ва таъсиси муассисаҳои хусусии соҳа дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят суст буда, ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят се муассисаи хусусии таълимӣ ва томактабӣ фаъолият доранд. Хотиррасон гардид, ки имрӯз бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мусоидати шарикони рушд чандин муассисаи таълимӣ бунёду таҷдид гардида, кӯдакистонҳо сохта шуда истодаанд. Дар радифи ин, таҳкими базаи моддию таҷҳизотии муассисаҳо идома ёфта, бо мақсади таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев аз ҳамкории судманд ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сухан ронда, афзуд, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Давлати Тоҷикистон барномаҳои Фонди мазкур дар соҳаи маориф маҳз ба таълиму тарбияи толибилмони лаёқатманд, баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгор ва муҳайё сохтани шароити хуби таълиму тарбия дар мактаб нигаронда шудаанд, ки комилан бо стратегияи сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф мувофиқ мебошад.
Роҳбари бахши маорифи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Шералӣ Саидошуров аз ҳамкориҳо ва дастовардҳои давоми зиёда аз ду даҳсола бо Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф ҳарф зада, зикр намуд, ки танҳо дар ҳудуди вилоят 11000 омӯзгор ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, 66000 хонанда аз барномаҳои он баҳравар гаштанд. Дар маҷмӯъ, заминаи таҷҳизотии зиёда аз 300 кабинети методӣ таҳким, 210 номгӯи маводи таълимӣ ва 73-то адабиёти бачагона таълифу нашр гардиданд. Айни замон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон аз фанҳои дақиқу табиӣ ва забономӯзии онҳо дар 45 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят лоиҳаи пилотӣ амалӣ шуда истодааст.
Аз ҷониби бахши мазкур дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи вилоят сомонаи мукаммали раёсат таҳия шуда истодааст, ки фарогири порталҳои гуногун, аз он ҷумла, китобхонаи электронӣ, дарсҳои аудовизуалӣ ва дигар бахшҳои муҳими таълимӣ буда, дар он маълумоти пурра оиди соҳа дарҷ хоҳанд гашт. Илова бар ин, дар назар аст, ки 30 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваст мешаванд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад директори намояндагии Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Қурбоналиева, ҳамоҳангсози лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар мамлакат (USAID) Куканбоев Ифтихор, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (UNICEF) Карамалӣ Карамалиев ва директори департаменти маориф, фарҳанг ва фаъолиятҳои иҷтимоии Институти “Ҷомеаи кушода”-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев натиҷаҳо ва нақшаҳои фаъолияти худро муаррифӣ сохта, аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Гуфта шуд, ки маҳз ҳамкориҳои судманд даст доданд, ки натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи маориф назаррас мебошанд. Новобаста аз ин, баъзан мушкилоти муайян боиси пайдо шудани монеаҳо дар пешрафти соҳа мегарданд. То ҳанӯз ҷанбаи ҳуқуқии марказҳои рушди барвақтии кӯдак ҳалли худро наёфта, заминаи моддию таҷҳизотии онҳо ниёз ба беҳбудӣ дорад. Илова бар ин, дар баъзе мавридҳо, сатҳи тахассусии омӯзгорон дар самти истифода аз технологияи муосири коммуникатсионӣ ва таҷҳизоти рақамӣ дар ҷараёни фаъолияти таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон талаби замон аст.
Дар ҷараёни муаррифии барномаю лоиҳаҳо дар байни иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои дахлдор табодули судманди афкор анҷом пазируфта, баҳри беҳбудии кор таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *