ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАФАР ДАР ВМКБ

Субҳи имруз ба иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов чорабинии идона бахшида ба 76 умин солгарди галаба бар фашизм баргузор карда шуд. Дар огози чорабини Раиси вилоят ва дигар намояндагони расми барои пос нигоҳ доштани хотири ҷанговароне, ки ҷони худро баҳри муҳофизати Ватан фидо карданд гулчанбар гузоштанд. Дар чорабини ҳамчунин муовинони раиси вилоят , раиси шаҳри Хоруг, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят собиқадорон, ва сокинони шаҳри Хоруг иштирок намуданд. Зимни суханрони Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов қайд доштанд, ки имрўз аз ин родмардони майдони ҷангу меҳнат ва занони диловару фидокор дар тамоми мамолики пасошўравӣ шахсони ангуштшуморе зинда мондаанд, вале кору пайкори онҳо абадан зинда хоҳад монд, зеро «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст». Кору пайкори ин насли қаҳрамон барои наслҳои имрўза дарси ибрату шоистаи пайравист, ки нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад».Дар фарҷоми чорабини барономаи фарҳанги аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони вилоят манзури иштирок дорон гардид.и ещё 244 487Охват (люди)899ВзаимодействияПродвижение недоступно


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *