ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода чорабинии тантанавӣ бахшида Рӯзи ҷавонон доир карда шуд.Инчунин дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ муовини Раиси ВМКБ ҷавонони вилоятро бахшида ба Рузи ҷавонон аз номи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов табрику муборакбод намуда, қайд доштанд, ки ҷавонони саодатёри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар радифи ҳамсолони ҳамватану ҳаммиллати худ аз дигар минтақаҳои кишвар доимо таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар радифи кору фаъолият ҷавонони мо имконияти хуби машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доранд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят, дар маҷмӯъ, 373 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки аз инҳо як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, 70 толори варзишӣ, 288 майдончаи оддии варзишӣ, 12 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар, аз ҷумла 678 духтар фаъолият карда истодааст.Дар чорабинӣ инчунин муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони касбу кори гуногун бо ифтихорномаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сарфароз гардиданд.Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон пешкаши иштирокдорон гардид.и ещё 211 632Охват (люди)253ВзаимодействияПродвижение недоступно


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *