Мулоқоти судманд бо намояндагони дафтари САҲА

Афзалият ба таъмини амнияту суботи ҷомеа дода мешавадИмрӯз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо намояндагони дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти сарварии роҳбари барномаҳои дафтари мазкур Валериу Кивер мулоқоти судманд доир намуд. Раиси вилоят меҳмононро ба Бадахшонзамин хайра мақдам гуфта, вобаста ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ин созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Маврид ба зикр аст, ки дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва аз он ҷумла дар ВМКБ, дар радифи дигар ҳамкориҳо, бобати дастгирии раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии ҷомеа, дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷодаи таъмини амнияти экологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти иҷтимоӣ саҳмгузор мебошад. Зимнан, қайд гардид, ки дар давраи паҳншавии бемории сироятии кароновирус COVID 19 аз ҷониби ин созмон ба муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят 50 ҳазор ниқоби тиббӣ, 30 ҳазор дастпӯшаки тиббӣ ва 5 ҳазор маводи антисептикӣ ба таври ройгон дастрас гардиданд. Ёдгор Файзов зимни баррасии вазъи минтақа ва масоили сарҳадӣ аз таъмини амният ва субот дар сарҳад бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар пайи хориҷ шудани қувваҳои ҳарбии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ аз хоки ин кишвар, ёдовар шуд. Бо такя ба суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргардондани сулҳ ба Афғонистон раиси вилоят афзуд, ки тинҷию амонии давлати ҳамсоя ба суботи кулли минтақа таъсиргузор буда, сокинони ҳамсоякишвар ба дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ниёз доранд. Дар ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ ба ВМКБ дар соли 2020 гурӯҳе аз сокинони минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз, аз он сӯи дарёи Панҷ, ба Роҳбари давлати мо ҷиҳати ҳалли ин ва дигар мушкилоти рӯзмарраашон муроҷиат намуда буданд. Тоҷикистон тайи чанд соли охир бо сохтмони кӯпрукҳою бозорҳои наздисарҳадӣ ва инкишофи равобити гуногун дар паст намудани шиддати иҷтимоӣ дар ин кишвар мусоидат карда, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли қазияи Афғонистон ва ҳарчӣ тезтар баргаштани сулҳу оромӣ ба он ҷалб менамояд. Роҳбари дафтари тоҷикистонии ин созмон Валерий Кивер маълум намуд, ки айни замон ин созмон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон бобати масъалаҳои гуногун фаъолият намуда истодааст. Афзалияти бештар ба таъмини амнияту суботи минтақа дода шуда, созмон барои кормандони ниҳодҳои қудратӣ, сарҳадӣ ва низомии кишвар курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, аз лиҳози таҷҳизот ва техникаи зарурӣ низ кӯмак расонда истодааст. Бо мусоидати САҲА дар Тоҷикистон Академияи омӯзишии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ таъсис ёфта, барои ин ниҳодҳо бобати пешбурди дигар паҳлӯҳои фаъолият низ мусоидат карда мешавад. Инчунин, дар ояндаи наздик вобаста ба ташкили Маркази омӯзишӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ корҳо оғоз хоҳанд ёфт. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин корҳо, бахусус барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки сарҳади тӯлонӣ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон дошта, аз лиҳози ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир аст, дорои аҳамияти хоса мебошанд. Намояндагони дафтари САҲА дар Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба вилоят барои ҳайати афсарон ва сарҳадбонон дар шаҳри Хоруғ семинар-тренинг гузаронда, бо ташкилотҳои ҳамкори ғайридавлатӣ сӯҳбатҳо доир менамоянд. Зимнан бояд зикр намуд, ки созмони мазкур дар вилоят бо ташкилотҳои гуногун, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, барҳам задани табъизи гендерӣ ва зуроварӣ дар оила, масъалаҳои экологӣ ва ғайра фаъолият доранд, ҳамкорӣ менамояд. Яке аз сармоягузорони асосии форуми иқтисодии “Помир-инвест”, ки ҳамасола бо мақсади ҷалби сармоя ба хоҷагии халқи вилоят, бо ширкати намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, сармоягузорон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ мегузарад, мебошад. Ҷонибҳо дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҳамкории судманд изҳори умедворӣ намуда, таъкид бар он карданд, ки таъмини амнияту суботи ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинон ҳамеша бояд дар мадди аввали фаъолият қарор дошта бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *