Хуш бодо, бахти накӯи наврасону ҷавонони тоҷик

Хуш бодо, бахти накӯи наврасону ҷавонони тоҷик Дар бинои театри вилоятӣ ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ даври ниҳоии Фестивал-озмуни байни мактабҳои санъат ва мусиқии вилоят баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, сардорони раёсату идораҳои дахлдори вилоятӣ ва Сарпарасти Ҷонрол-консулгарии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ Нақибуллоҳи Деҳқонзода иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон ва чаҳорчӯбаи маъракаҳои эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади ташаккул ва инкишофи маҳорату малакаи эҷодии насли наврас, дарёфти чеҳраҳои нави эҷодкор ва баланд бардоштани дарки зебоипарастӣ ва ҳиссиёти ватандӯстии насли наврасу ҷавон дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят доир гардида, шогирдони баргузида бо намунаҳои беҳтарини эҷодии худ дар ба шаҳри Хоруғ даъват шуданд.Дар назди бинои театр масъулини мақомоти вилоятӣ ва меҳмононро бо шодию сурур дастаи ҳунарии доирадастон, мутрибон ва овозхонони навраси ноҳияҳои Мурғобу Шуғнон, ки либосҳои шинами суннатии ду миллати дӯст- тоҷику қирғиз ба бар доштанд, бо суруд дар васфи Тоҷикистону Истиқлолият пешвоз гирифтанд. Дар пештоқи театр бошад, эҷодкорони наврасу ҷавони ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар дастранҷи худро ба намоиш гузошта буданд. Махсусан, сувараҳои тасвирнамудаи рассомон, ки дар мавӯъҳои гуногун эҷод шудаанд, таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо намунаҳои ҷуробҳои гуногун, либосу сарпӯшҳои дӯхтаву бофта, борҷомаҳо, лӯхтакҳо, гулдӯзӣ, мӯҳраҳо, тунукакорӣ, дуредгарӣ ва дигар таҷҳизоту маводҳои бо дасти устоҳои оянда офаридашуда манзури тамошобинон гардиданд. Намоишгоҳ шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз дар ин ҷода бо дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои калон ба даст омада, насли нави эҷодкор ва ҳунарманд ба воя мерасад.Шогирдони макотиби санъати вилоят бо дастагули консертии худ, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Тоҷикистони азизу диёри маҳбуб, Пешвои миллат ва халқу табиати зебо буд, хотири иштирокдорон, ки бештарашон ҳамсолони онҳо буданд, шод намуданд. Маврид ба зикр аст, ки аз байни иштироккунандагони барномаи фарҳангӣ наврас бо исми Деҳқонзода – шаҳрванди ҳамсоякишвари дӯсту ҳамфарҳанг- Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз эҷоди хеш шеър дар васфи сулҳу суботи Тоҷикистон, бахти накӯи наврасони тоҷик ва илмандӯзӣ қироат намуд, ки аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбӣ хуш пазируфта шуд.Дар поёни чорабинӣ муовини Раиси вилоят Н.Амирбекзода ба сухан баромада, аввалан наврасон ва волидайни онҳоро бори дигар ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак табрику муборакбод намуда, зикр сохт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастию миллатдӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба фарҳангу арзишҳои миллию умуми башарӣ мусоидат менамоянд. Давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи ҷиддиро ба таълиму тарбияи насли наврас равон сохта, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои дар рӯҳияи замон ба воя расидани он тамоми имкониятҳоро муҳайё месозанд. Бо ҷалби таваҷҷӯҳи масъулини соҳа ба баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, муовини раиси вилоят, тазаккур дод, ки итминони мо комил аст, ки шогирдон бо омодагии пухта дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, номи диёрро баланд хоҳанд бардошт. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Ҷонрол-консулгарии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба беҳтарин иштироккунандагони фестивали мазкур ва омӯзгорони онҳо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.и ещё 4143Охват (люди)13ВзаимодействияПродвижение недоступно

66Поделились: 1НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *