ИҚДОМИ НЕК

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони гуруҳи ташаббускори «Равшандилон» Соро Музофиршоева ва Наргис Раҳматшоеваро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят меҳмононро ба вилоят хайра мақдам хонда барои ташкил намудани чорабиниҳои фарҳанги изҳори сипос баён намуданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба гузаронидани чорабинии фарҳанги дар шаҳри Хоруғ зери унвони «Гулдухтарон тоҷик», ки ба эҷодиёти санъаткорони маъруфи тоҷик, Майсара Дилдорова, Сафарбегим Тошхуҷаева, Нуқра Раҳматова ва Улфатмоҳ Мамадамбарова бахшида мешавад, суҳбат карданд. Қайд карда шуд, ки чорабинии мазкур баҳри арҷгузори ба муқаддасоти волои миллӣ, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон-неъмати бебаҳои давлати бахшида мешавад. Ин иқдом аз тарафи роҳбарияти вилоят дастгири гардида пешниҳод карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур овозхонони ҷавон низ даъват карда шаванд то ки аз ҳунару истеъдоди собиқадорони соҳаи фарҳанг бархурдор гарданд. Дар фарҷоми мулоқот Раиси вилоят бори дигар ба меҳмонон барои ташкил намудани чорабиниҳои фарҳанги ва ба саҳнаи ҳунар даъват кардани собиқадорони соҳаи фарҳанг, ки ҳанӯз ҳам мухлисони хеле зиёд доранд изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *