Иқдоми наҷиби дӯстдорони табиат

Дар замони ҳозира тамоюли рушди саноату технология, бемаҳдуд ва ғайриоқилона истифода бурдани боигариҳои зеризаминӣ ва дигар омилҳои манфӣ боиси тағйири иқлим дар кулли сайёра гашта истодаанд. Дар натиҷа ҳаво гарм, пиряхҳо об, замин ба коррозия дучор омада, хушксолӣ бисёр минтақаҳоро фаро гирифта истодааст. Муносибати ғайриоқилона ба муҳит, шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва истифодаи ғайрисамараноки растаниҳо ба кам гаштан ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба аз байн рафтани намуду навъи нодири онҳо оварда расонд.Аз ин рӯ, айни ҳол, ҳукумату давлатҳо, ташкилоту ашхоси ҷудогонаи дӯстдори табиат саъю талош намуда истодаанд, ки ҷиҳати ҳифзи табиати зебои сайёра ва набототу ҳайвоноту паррандаҳои нодири он, бо истифода аз ҳамаи абзорҳо, на танҳо таваҷҷӯҳи кулли инсониятро ҷалб созанд, балки бо иқдомҳои амалӣ бобати пешгирии ин раванди номатлуб чораҳои амалӣ андешанд.Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо низ, дар радифи Ҳукумати мамлакат, созмону ташкилотҳо ва шахсони ватандӯсту соҳибмаърифат дар ин ҷода аз худ ташаббус нишон дода, бо корҳои хайри худ дар ҳифзу зиёд намудани боигариҳои табии Ватан, аз он ҷумла, ҳайвоноту паррандагони нодири он саҳми сазовор мегузоранд. Соҳибкори муваффақ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғоб” Зафар Бекмуродӣ бо шарикони ҳамкору ҳамақида дар ин самт пайваста кӯшиш намуда, бо пиёда намудани амалҳои нек баҳри баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, идроки табиатдӯстдории аҳли ҷомеъа ва ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ба масъалаҳои муҳофизати табиат, истифодаи сарфакоронаи захираҳои он, муҳайё сохтани шароити хуби зисту зиёдшавии ҳайвоноту парранда ва наботот саҳми муносиби худро гузошта истодааст.Ин дафъа аз ҷониби соҳибкори муваффақ ва шариконаш, бо ин мақсад, ба маблағи зиёда аз 45 ҳазор сомонӣ, суратҳои рангаи ҳайвоноту паррандаҳои нодири Тоҷикистон харидорӣ гардида, барои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷ, муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ, МТМУ № 8, Маркази саломатӣ, Литсей ва Маркази тибби Оғохони шаҳри Хоруғ, инчунин ба Театри вилоятӣ тақдим гардиданд. Аз як ҷиҳат ин суратҳо агар диққати мардумро ҷалб созанд, аз ҷониби дигар имконияти беҳтари шиносоӣ бо табиати биҳиштосои диёр пайдо шуда, завқи зебоипарастӣ тавсеа меёбад.1 462Охват (люди)71ВзаимодействияПродвижение недоступно

1717Комментарии: 1Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *