МУАРРИФИИ НИЗОМИ НАВИ ТИҶОРАТ

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди содироти кишвар ва равнақ додани роҳҳои густариши гардиши савдои хориҷӣ низоми нави содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупоро қабул намуда, бо мақсади муаррифии низоми нави тиҷорат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ машваратҳоро доир менамояд. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ мизи мудаввар бо иштироки Раиси вилоят Ёдгор Файзов ва масъулини Агентии содироту соҳибкорони вилоят доир карда шуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов барои баргузории мизи мудаввар ва муаррифии низоми нави тиҷоратӣ ба намояндагони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён намуда бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд дошт, ки мавзўи содироту тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда яке аз масъалаҳои мубрами рўз маҳсуб меёбад, зеро давлате, ки дар он содирот мавқеи муайян дорад, иқтисоди он давлат пешрафта аст. Соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки бо ин нави тиҷорат шинос гарданд, ки аз манфиат холи нахоҳад буд. Арз дошт, ки ба роҳ мондани чунин низоми тиҷоратӣ дар вилоят ва ҷалби соҳибкорон ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ –саноатикунонии босуръат мусоидати хуб намуда ба ин васила фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди вилоят боз ҳам рушд хоҳад кардМуовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Раҳимзода низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупоро барои иштирокдорон муаррифӣ намуда қайд дошт, ки ҳадаф аз қабул намудани низоми мазкур пеш аз ҳама мусоидат ба рушди босуботи миқдору сифати содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ, мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содироти кишвар ва мусоидат ҷиҳати ҷалби харидорони мустақим, миёнравони боэътимод, шабакаҳои фурўши молҳои яклухт ва дигар шарикони тиҷоратӣ дониста мешавад. Мушкилоти асосии самти содирот ин мавҷуд набудани марказҳои лагистикӣ, инфросохтори роҳ, маълумоти кофӣ надоштан дар бораи бозори тиҷорат ва хизматрасониҳои бурунмарзӣ маҳсуб меёбанд. Амалӣ намудани низоми нави тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати маҳсулоти содиротӣ мусоидат намуда Агентӣ бо ҷалби соҳибкорону шарикони рушд метавонад ба муваффақиятҳо ноил гардад.Дар ҷараёни мизи гирд иштирокдорон бобати низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо суолҳо пешниҳод намуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *