БАҲРИ ҲИФЗИ ХОКИ МУҚАДДАСИ КИШВАР ИСТОДАГАРӢ БОЯД КАРД

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни ҷаласаи муштарак бо аъзоёни минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо ва идораву муассисаҳо мебошанд, вазъияти минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор дод. Қайд шуд, ки вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз – Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем. Тибқи маълумотҳои расмӣ айни ҳол вазъият дар вулусволиҳои Бораку Зебок ва Моҳи Майи Ҷумҳурии исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, гурўҳҳои тундрав аксари минтақаҳои сарҳадиро таҳти тасарруф қарор дода, ба инфрасохтори кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷониро ворид намуданд. Ёдгор Файзов тақвият додани захираи моддиву техникӣ ва инсониро дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади ВМКБ вазифаи муҳими кори аъзоёни минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 ном бурд. Ба далели ин, муайян ва мушаххас намудани ҷойҳои амн, захираи маводи сўзишвориву хўрок ва либосвориву нақлиёти заруриро дар ҳолатҳои эҳтимолии қабули гурезаҳои иҷборӣ аз хоки кишвари ҳаммарз муҳим маънидод намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оиди ҳамоҳангсозии нақшаи амал бо аҳолӣ ва кўмаку дастгирии сарҳадбонон ибрози назар намуда, қайд дошт, ки ҳамкории сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ бо сарҳадбонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ин амалро тақвият бояд дод. Ҳамчунин, роҳбари вилоят бобати ҳарчӣ бештар тавсеа ва таҳким додани фаъолияти минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва гузарондани машқҳои муштараки он ибрози назар намуда, афзуд, ки ҷиҳати оне, ки ВМКБ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон марзи тўлонӣ дорад, ба ин далел пурзўр намудани фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба таври доимӣ ва дар ҳолати омодабош қарор доштани аъзоёни он зарур аст


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *