АРҶГУЗОРИ БА ФАРҲАНГИ ҚАДИМАИ МИЛЛӢ

Дар чорчӯбаи омодагихо ба Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва баргузории чорабинии бушукӯҳи фархангӣ таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик», ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Хоруғшаҳр баргузор мегардад, муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар шаҳри Душанбе, бо ҳайати гурӯҳи ташаббускори «Равшандилон» дар Хона-музеи асбобҳои нодири миллӣ ба номи Устод Гурминҷ Завқибеков вохӯрии судманд гузаронид. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар рафти тамрини санъаткорон иштирок намуда, хушҳолии худро аз эҳёву пойдоргардонии санъату мусиқии куҳани Бадахшонзамини Тоҷикистон иброз намуд. Ба қавли мӯҳтарам Ёдгор Файзов; «Арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги аъанавӣ пойдевори бузургеро мемонад, баҳри пешравии миллати точик, баҳри худшиносиву худогоҳии наслхо. Эҳё намудани фарҳанги куҳан, раванди рушд кардани дигар соҳаҳои давлатдории тоҷиконро асос мегузорад. Устод Гурминҷ Завқибеков, худ дар қайди ҳаёт нестанд, вале, аз ҳар як тору банди ин асбобҳо садо ва розҳои ногуфтаи ин Шахсияти таърихии фархангӣ меояд, яъне, садое, ки онро бояд мутрибони ҷавон баланд кунанду розе, ки онро овозхонҳои соҳибмаҳорат бисароянд. Ин аст, ҳуввияти миллӣ ва ватанпарастии инсони комил, ки аз санъату мусиқӣ манша мегирад». Раиси вилоят аз диданҳову шуниданҳояш ба аҳли ҷамъомадагон барои талошҳояшон изҳори сипос намуда, акси ёдовариеро барои Хона-музеи Гурминч Завкибеков бо аҳли гурӯҳи ташаббускори «Равшандилон» хотира гузоштанд.5 511Охват (люди)707ВзаимодействияПродвижение недоступно

121121Комментарии: 5Поделились: 17НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *