САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН БА НОҲИЯИ ШУҒНОН

Субҳи имруз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршинев хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд. Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 39 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд, дарозии хати обугзар 15449 метр буда, аз он зиёда аз 90 хоҷагии деҳаи Пашор истифода хоҳанд бурд. Дар қитъаи обтаъминкунӣ барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насоси пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, насб карда шуданд, ки тариқи он об ба ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад. Хотиррасон менамоем, ки сокинони деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поришнев аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд. Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони деҳаи Пашор бартараф карда шуда, акнун сокинон аз оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мебаранд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли гузашта оғоз гардиданд ва барои сари вақту дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 30 нафар мутахассис ва коргарони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд. Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,3 млн сомониро ташкил дода, аз ин маблағи 281,7 ҳазор сомонӣ саҳмӣ сокинони деҳа ва маблағи 1,07 млн сомонӣ саҳми Раёсати Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ташкил дода, амаликунандаи лоиҳа Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *