АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА МАДАНИЯТИ ИСТЕЪМОЛӢ ТАВЪАМАНД.

«Муколамаи сатҳи миллӣ ва минтақавӣ барои Саммити низоми озуқаворӣ». Таҳти чунин унвон дар меҳмонхонаи «Атлант»-и шаҳри Хоруғ семинари машваратӣ баргузор шуд. Семинар бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид доир карда шуд. Дар кори он муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, ҳифзи муҳити зист, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ ва замин, маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ, озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрока дар вилоят иштирок намуданд.Дар ҷараёни семинар мушовири миллӣ оид ба Саммити низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қурбонов, сардори бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Олимҷон Забирзода ва намояндаи Кумита бехатарии озуқаворӣ оид ба сиёсати давлатӣ дар таъмини бехатарии озуқаворӣ Исмоил Андамов оид ба мақсад аз бургузории семинар иттилоъ доданд. Қайд гардид, ки чунин муколамаҳо оид ба вазъи имрӯзаи сохтори таъминот ва бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, истеъмол ва дастрасӣ ба озуқаворӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд гузаронида шуданд. Саммити низоми озуқаворӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки солимии мардум аз таъмини бехатарии озуқаворӣ вобастагӣ дорад. Маҳз ба ин хотир ҳанӯз аз оғози Истиқлолияти давлатӣ ба ин масъала диққати асосӣ дода шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳо оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ гузошта шуданд. Умедҷон Носирзода, муовини раиси вилоят қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намуданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ заминҳои ками корам дошта, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ нисбатан мушкил мебошад. Мақсад аз баргузор шудани ин муколама дар якҷоягӣ ҳал намудани ин мушкилиҳо мебошад. Бо назардошти он ки дар минтақаҳои алоҳидаи вилоят-водии Бартанг, қисми болоии ноҳияи Ишкошим ва води Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъато кунун норасоии ғизо ба мушоҳида мерасад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба мақсади таъмини амнияти озуқавории сокинони ин ҷо чораҷуӣ намуда истодаанд. Дар мавзеи Рошорви водии Бартанг дар 65 гектар замин гандум кишт карда шуда, дар ояндаи наздик ба гардиши кишоварзи даровардани боз 100 гектари заминҳои ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст. Соли пешин, кайд гардид дар ҷараёни семинар, бо сабаби хуруҷи бемории сироятии коронавирус дастрасии аҳолӣ ба маводи озуқаворӣ мушкил гардида буд ва тавассути ҳадафҳои Саммити низоми озуқаворӣ таъмини бехатарии озуқаворӣ барои солҳои минбаъда хеле бамаврид аст. Мо бояд маданияти истеҳсол, истеъмол, фурӯш ва тарзи нигаҳдории ғизоро беҳтар созем.Ғизо дар баробари аз ҷиҳати экологӣ тоза будан боз сифати хуб ҳам бояд дошта бошад.Фарҳанги истеъмоли ғизоро низ риоя кунем. Амнияти озуқаворӣ дар он маврид амалӣ мегардад, ки агар аҳолӣ ба маводи хӯрока дастрасӣ дошта бошад, – қайд кард сардори бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Забирзода. Иштирокчиёни муколама, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ доир ба ҳадафҳо ва барномаҳои таҳияшудаи системаҳои озуқаворӣ дар мамлакат фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *