ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲ АЗ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар толори бинои Театри вилоятӣ чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндаи доимии Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, собиқ намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Мамадаминов Мамадамин, муовинони раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳо, ташкилотҳо, собиқадорони меҳнат ва дигар меҳмонони олиқадр ширкат доштанд.Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, қайд намуд, ки маҳз тавассути ба имзо расидани Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки бо заҳмату азхудгузаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мардуми сарбаланди кишвар ба даст омад, Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки ба шоҳроҳи устувори рушд ворид гардад.Ҳамчунин, дар чорабинӣ номаи табрикотии котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Маҳмудзода Насрулло, ки ҳамзамон масъули Ҳукумати мамлакат бобати омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилоят мебошад, қироат гардид. Дар он, аз ҷумла, саҳми мардуми Бадахшон дар таъмини сулҳу амният дар ҷумҳурӣ ва рушду инкишофи Ватан назаррас арзёбӣ гардидааст. Дар суханронии худ Раиси вилоят Ёдгор Файзов, пеш аз ҳама, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли ҳамватанонро ба ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, афзуд, ки Ваҳдати миллӣ бо талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии мамлакат сазовори боварии вакилони мардумӣ ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон гардид, ба даст омад. Ин санаи моҳиятан ба Истиқлолияти давлатӣ баробар на танҳо миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестӣ эмин намуд, балки сулҳу оромӣ, суботу амниятро ба ҷомеъа оварда, роҳи рушду нумӯъи минбаъдаи Ватани маҳбубамонро ҳамвор намуд. Тавассути истиқрори сулҳ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки имсол 30-юмин солгарди онро бо шукӯҳу шаҳомат ва фараҳмандӣ таҷлил менамоем, аз доми фано раҳо ёфта, ҷойи силоҳро салоҳ ва кинаву адоватро таҳаммулу адолат гирифт. Тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои адолатпарвар ва хайрхоҳ дар такя ба хиради азалии худ тавонистанд ба ҷаҳониён бори дигар нишон диҳанд, ки новобаста аз фишору таҳмил ва ниятҳои бадбинони озодии мутлақи миллату давлат ҷангро мағлуб, сулҳро ғолиб, фанои давлатро бақо, миллати парокандаро ба ҳам оранд.Ёдгор Файзов аз он солҳои мудҳиш ёдовар шуда, дар қатори дигар сабабу омилҳо, сатҳи пасти ҳуввияти миллӣ ва маҳалгароиву минтақабозиро омилҳои дигари сар задани муноқиша дар кишвар номид. Вагарна, озодандешиҳои солҳои 80-уми асри 20, ки аз ҷониби як қишри воқеан миллатдӯсту ватанпараст дар ҷомеа ташаккул меёфтанд, то ҷое ба баландравии сатҳи ҳуввияти миллӣ мусоидат намуд. Ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ, ба вуҷуд омадани созмону ташкилот ва ҳизбҳо, тавсеаи озодии эътиқод ва дигар равандҳои мусбӣ аз ҳаракати тафаккури созанда дар ҷомеа дарак медоданд. Аммо, мутаассифона, ҷомеаи тоҷик, дар маҷмӯъ, бо сабабу омилҳои мухталиф омодаи таҳаввулоти ҷиддӣ набуд ва душманони дохилию берунӣ аз ин заифиҳои ҷомеа барои роҳандозии аҳдофи муғризонаи худ истифода бурда, миллатро аввал ба сангарҳои бархурди лафзӣ ва баъдан низоъи яроқнок кашиданд. Хисороти зиёди молию ҷонӣ, кинаву адоват, нобоварӣ ва фалаҷ гаштани ҳокимият давлатро дар остони нестӣ ва миллатро ба вартаи парокандагӣ оварданд. Хушбахтона, бо амри таъриху тақдир бахти миллат хандиду воқеан Роҳбари мардумӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимоми аз дастдодаи давлатро, аз нав, бо иродаи қавӣ, ҷасурона ба даст гирифт. Дар он давраи ҳассоси фоҷеабор маҳз шахсияти дорои хислату характер ва аломатҳои ба сарвари сиёсӣ хос, ки ба мафҳуми дигар онро харизма мегӯянд, қодир буд, ки ба майдони мубориза барои наҷоти давлату миллат барояд. Бо дарки масъулияти баланди наҷотдиҳанда барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ, мақсади олӣ ва аввалиндараҷаи худро дар истиқрори сулҳ, эҳёи давлат, таъмини суботи ҷомеа ва баргардондани гурезаҳо ба ҷойҳои муқимии зисташон медид. Пайгирона, дар асоси хиради азалӣ, дурандешӣ, нозукбинӣ, таҳаммулпазирона, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои ҷонибҳои мухталиф Роҳбари давлат ба мақсади ниҳоӣ- имзои Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар санаи 27 июни соли 1997 расиданд. Раиси вилоят раванди ба хоки давлат роҳ додани мухолифини мусаллаҳро воқеаи нодири таърихӣ номид, зеро чунин гузашт дар таърихи сиёсии ҷаҳон бесобиқа аст. Аммо барои ба ҳам овардани миллат ва аз вартаи нестӣ раҳо намудани он мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксарияти шартҳои қувваҳои даргирро пазируфт ва таърих дурустии ин тасмими Сарвари мамлакатро исбот намуд. Аз ин рӯ, формулаи Истиқрори сулҳи Пешвои муаззами миллати тоҷикон имрӯз намунаи беҳтарини ҳалли мушкилоти давлатҳои ҷангзада мебошад.Зимнан, аз дастовардҳо ва комёбиҳои аҳли заҳмати вилоят ва дастгирии Давлату Ҳукумат бобати рушду инкишофи вилоят сухан рафта, зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷавии маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти вилоят равона гардида, 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад. Дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бошад, танҳо дар панҷ соли охир татбиқи 1345 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пурра татбиқ гардида, ҳоло дар вилоят 259 лоиҳа ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.Ёдгор Файзов таҷлил аз ин Рӯзи муқаддасро мояи ифтихор ва сарфарозӣ дониста, таъкид бар он доштанд, ки сабақи таърихӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ҳама вақт зираку ҳушёр бошем, зеро вазъи бӯҳронии минтақаву ҷаҳон водор месозад, ки новобаста аз ҳама, мо бояд манфиати миллиро аз ҳама манфиатҳо боло гузошта, баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем. Чун кулли сокинони кишвар барои сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинанд, моро низ зарур аст, ки бобати вусъати корҳои созандагӣ ва бо сари баланду шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ин санаи муборак аз тамоми имкониятҳо истифода барем.Барномаи консертии омоданамудаи аҳли фарҳангу санъати вилоят, ки саросар аз суруду мусиқӣ дар васфи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, Ватану Пешвои миллат ва муҳаббату дӯстӣ иборат буд, хотири иштирокдорони чорабинии идонаро болида намуданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *