Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар Маркази Исмоилияи Хоруғ

Дар Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов чорабинии идона бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гашт. Дар он роҳбарони шабакааҳои Бунёди Оғохон дар вилоят, собиқадорони меҳнат, ходимони дин ва гурӯҳи калони ризокорони ҷавон иштирок намуданд.Чорабиниро раиси шӯрои минтақавии мазҳабӣ дар вилоят Хуҷамёр Хумориков бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, қайд сохт, ки дар низоми шабакаҳои Бунёди Оғохон, дар радифи дигар мақомоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, таҷлили бошукӯҳ аз ҷашнҳои муқаддаси давлатию миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз он ҷумла, таҷлил аз рӯзи бузурги Ваҳдати миллӣ, ки дар заминаи хиради азалии миллати тоҷик ва махсусан, заҳмату ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар таърихи навини тоҷикон мақоми бузургро дорост, боиси сарфарозию шаҳомати хоса мебошад. Сипас, дар ин ҷамъомади бошукӯҳ Раиси вилоят Ёдгор Файзов суханронӣ намуда, бо табрикоту таманниёти ҳозирин, дар такя ба баҳогузории Пешвои муаззами миллат, Роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки агар Истиқлолият озодии комили давлату миллати тоҷикро муҳайё сохта бошад, имзои Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ субботу ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистонро таъмин намуд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба ин ду воқеаи бузурги таърихӣ, махсусан, дар ин марҳилаи ҳассос, аз як ҷиҳат агар мояи ифтихор ва фараҳмандӣ бошад, аз ҷониби дигар фурсати муносиб барои ба хотир овардани раванди таърихии ташаккулу такомули давлатдории навини тоҷикон, бо мақсади гирифтани сабақ мебошад, зеро сабақи таърих беҳтарин устодест, ки моро аз содир ва такрор намудани иштибоҳ монеъ мегардад.Ба андешаи роҳбари вилоят, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ин дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паст будани ҳуввияти миллии аксарияти ҷомеа ва ба таври сунъӣ ба минтақаҳо ҷудо намудани ҷамъият буд. Таваҷҷӯҳ бештар ба таърихи дигар халқҳо дода шуда, мардум аз таърихи бою ғании миллат огоҳии кам доштанд. Ваҳдати миллӣ қавӣ набуд ва ҳангоми пош хӯрдани давлати шӯравӣ Тоҷикистон сарвари дурандешу ҷасур надошт. Ҷанги таҳмилӣ хисороти зиёд овард, аммо зиёни моддию маънавиро бо гузашти вақт метавон бартараф сохт, лекин ҷони зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандро, ки аксар ҷавон буданд, наметавон ҷуброн намуд. Дар ҷараёни суханронӣ аз фоҷеаи он солҳо мисолҳои мушаххас оварда шуда, ноумедии мардум аз баргаштани субботу амният ба ҷомеа зикр шуд. Аммо, ба бахти баланди мардуми ҷафокашида ва бесаробону бесарпаноҳмондаи тоҷик, таърих бо амри зарурият шахсияти воқеан сазовори пешвоӣ ва дурандешу дорои иродаи қавиро дар симои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон роҳбар интихоб намуд, қайд намуд Раиси вилоят. Дар он вазъияти фоҷеабор, бо дарки рисолати бузурги таърихию инсонии хеш, Роҳбари ҷавону хирадманд фаъолияти худро аз баҳамовардани миллат, новобаста аз маҳаллу қавму эътиқод ва раванди истиқрори сулҳ оғоз намуданд. Савганде, ки рӯзи нахустини ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ дар назди таъриху миллат хӯрданд, бо заҳмату диловарӣ ва пиёда намудани сиёсати оқилонаю одилона дар амал собит намуданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи воситаҳо ҷиҳати таъмини амну суботи ҷомеа ва пешгирии роҳи аз байн нарафтани давлату парокандагии миллат истифода бурданд. Дар ин росто, дар радифи дигар иқдомҳои муассир, аз даъвати пешвои исмоилиёни ҷаҳон Волоҳазрат Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ ба Тоҷикистон ва муҳайё сохтани мулоқоти он шахс бо пайравони хеш ёдоварӣ шуда, қайд гардид, ки ин иқдом, дар қиболи дигар омилҳо, вазъияти муташанниҷи вилоятро то андозае ба эътидол овард. Дар ҳидоятҳои мулоқотҳои нахустин Имоми Замон ба пайравони худашон, махсусан, онҳое, ки силоҳ дар даст доштанд, таъкид намуданд, ки ислом дини салоҳу сахо аст ва аз тариқи яроқ ҳал намудани мушкилот хоси исломи нобу асл нест. Роҳбари маънавӣ ба ҷамоати худ бо таъмини ғизо, маводи таълим, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз тариқи мусоидати модию молиявӣ кӯмак хоҳад намуд, то субот дар кишвар барқарор гардад,-ҳамон давра таъкид намуда буданд Волоҳазарат. Дар ҳамаи мулоқотҳо эшон маҳз барои истиқрори сулҳу субот ва амни ҷомеа дуо мекарданд. Гузашта аз ин, ҳидояти роҳбари мазҳабӣ ба ҷамоат бобати эътирофу эҳтирому итоат аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури ҳаётии ҷамоати исмоилии мамлакат гардид. Волоҳазрат пайравони худашонро ҳамеша роҳнамоӣ ба он менамоянд, ки дар ҷаҳони гуногунандешӣ таҳаммулгароӣ ва эҳтироми эътиқоду урфу одоти дигарон омили ҳамзистии осоишта ва пешравии ҷамъият аст. Ашхосе, ки хилофи қонун амал мекунанд ва ваҳдату ягонагии ҷамъиятро зери хатар меандозанд, ҳуввияти пасти миллӣ дошта, таҳти андешаҳои ғайримиллию мазҳабӣ қарор доранд. Муносибат ва робитаи ҳасанаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари рӯҳонии ҷамоаи исмоилӣ Волоҳазрат Шоҳкарим ал Ҳусайнӣ, инчунин, Ҳукумати кишвар бо шабакаҳои Оғохон дар Тоҷикистон дар ҷодаи ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан, дар ВМКБ самараи хуб ба бор оварданд. Дар поёни суханронӣ Ёдгор Файзов ба роҳбарони шабакаҳои Бунёди Оғохон ва ходимони мазҳабӣ муроҷиат намуда, таъкид бар он доштанд, ки имрӯз, ки вазъият бо сабабҳои гуногун дар ҷаҳон ва минтақа хеле ташвишовар аст, онҳо бояд аз ҳарвақта дида бештару беҳтар фаъолияти худро ба роҳ монда, бо такя ба ақлу хиради азалии миллӣ ҷиҳати рушду инкишофи Ватани азизамон, бавижа, таъмину таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ваҳдату ягонагии ҷомеа тамоми саъю кӯшиш ва донишу таҷрибаи худро ба кор баранд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ ҷавонони эҷодкор дар васфи сулҳу ваҳдат, Ватан ва Пешвои миллат шеърҳо қироат намуда, аҳли ҳунар бо шеъру тарона ва рақсу мусиқии марғуб ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *