Суханронии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба муносибати 64-умин солгарди ба тахти Имомат нишастани Волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ, Оғохони 1V дар Маркази исмоилияи шаҳри Хоруғ

Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо фараҳмандию болидарӯҳӣ сидқан Шумо ва кулли пайравони мазҳаби исмоилии дини мубини исломро шахсан аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фарорасии 64-умин солгарди ба тахти аршади Имомат нишастани Имоми Замон Волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ табрику муборакбод менамоям! Мавлоно Ҳозир Имом 64 соли умри пурбаракати худро, аз ҷумла, солҳои беҳтарини ҷавониашонро барои хизмат ба ҷамоат ва инсоният бахшиданд ва хушбахтона имрӯз Волоҳазратро на фақат ҷамоати исмоилия, балки башарият чун яке аз чеҳраҳои маъруфи ҷаҳон – ҳомии исломи аслӣ, ки холӣ аз ифротгароиву дигар амалҳои зишт аст, сиёсатмадори шинохта, кордони маъруф ва олими забардаст эътироф мекунад. Миллионҳо одам дар курраи Замин имрӯз аз хизмати институтҳои ҷамоатӣ ва ташкилотҳои Огохон оид ба Рушд бархурдор буда, саҳми шахсан Волоҳазрати Воломақом ва сохторҳояшон дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардум хеле бориз ва саривақтӣ аст. Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки ин санаи муборак имсол дар моварои ду ҷашни муқаддаси миллиямон- бистучорсолагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва си солагии Истиқлолияти комили давлатӣ рост омад, ки манзалату масаррати онро бамаротиб гуворо месозад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии давлати миллии тоҷикон муридони ташнаи дидори роҳбари рӯҳонии худ имконият пайдо намуданд, ки ба мулоқоти он шахс мушарраф ва қалбҳои худро аз меҳромезтарин суханону ҳидоятҳои воломақом шодоб намоянд. Имоми Замон дар нахустин дидору иршодоти худашон ба пайравон аз сулҳу ваҳдат ва суботи иҷтимоию оромии рӯҳию равонии ҳар фарди тоҷик сухан гуфта дуои хайр доданд. Дар ин росто, ифтихормандона бояд қайд намуд, ки хизмату саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати даъвати Ҳозиримом Оғохони 1V ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он вазъи носозгор муҳайё намудани тамоми шароит барои баргузории мулоқоти Волоҳазрат бо пайравонаш, ҳам дар пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе ва ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қалби аҳли ҷамоаи исмоилии кишвар абадан сабт гардид. Айни ҳол, ташкилотҳои Оғохон дар ҳамаи каламрави ҷумҳурии мо бе мамоният фаъолият дошта, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба онҳо имтиёзҳои махсус ва мақоми дипломатӣ дода шуддаст, ки ин боварии комил ва қадрдонии бузурги Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии он нисбати шахсияти Имоми давр аст. Шукргузорӣ аз он бояд кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи қонунгузории миллӣ, тавассути эътирофи принсипу арзишҳои умумимиллӣ фазои озоди эътиқодӣ ба вуҷуд омада, имрӯз пайравони адён ва ҷараёнҳои суннатӣ расму одот ва анъанаҳои аҷдодони хешро озодона амалӣ менамоянд. Дар иртибот ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки “Дар кишвари мо ба шарофати Истиқлолият эҳёи арзишҳои ахлоқиву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Мо онҳоро на фақат василаи беҳтарини тарбияи наслҳо медонем, балки омили ҳатмии худогоҳиву худшиносии мардум мешуморем. Зеро тамаддуни ислом худшиносиро инкор накарда, мўъминро бародари мўъмин хондааст ва ҳикмати бузургеро таъкид кардааст: «ҳар кӣ худро шинохт, Худои худро шинохт». Яъне, ҳикмати асилу арзишҳои ноби исломӣ дар ҳамаи давру замон, новобаста аз таҳрифу идроки муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ, моҳиятан тағйирнаёбанда буда, роҳи инсонро дар ҳаёти дунявӣ пурсаодату равшан ва ҳаёти маънавии ӯро ғанӣ менамояд. Фаъолияти озоди марказҳои Исмоилия дар шаҳрҳои зебои Душанбе ва Хоруғ як нишонаи таҳамулпазирӣ ва фарҳанги волои халқи тоҷик ва иродаи матини Хукумати Тоҷикистон аст.Волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ доимо дар талоши ҳамзистии инсоният буда дар ин замина ба муридони хеш муроҷиат намуда, мефармоянд, ки “Майл дорам, ки ин рӯҳияи бародарӣ на танҳо дар равобит бо ҳамаи фарзандони рӯҳонии ман мавҷуд бошад, балки байни ҷамоати мо ва дигарҳо низ мавҷуд бошад.” Бар замми ин, дар иршодҳои худашон барои пайравон, дар радифи ҳидоят ба анҷоми фароизи мазҳабӣ ва ахлоқи ҳамидаву ҳасана доштан, инчунин, пайваста таъкид бар он менамоянд, ки пайравонаш ба симмати шаҳрванди кишварҳои худ бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳаёту фаъолияти худро ба роҳ монда, намунаи ибрат барои дигарон бошанд. Зимнан бояд тазаккур дод, ки фазилати ҷашнвораҳои динию мазҳабӣ дар моҳияти тарбиявию ахлоқии онҳо зоҳир гашта, дар ин рӯзҳои саид ба иловаи гирифтани саодати рӯҳонӣ, инчунин ширкати фаъол дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунии мавзеъу маҳалҳо, пос доштани хотири гузаштагон, арҷгузории падару модарон ва калонсолон, дастгирии ниёзмандон, аёдати беморону барҷомондагон бояд марому нияти ҳар яки мо бошад.Бо ин ниятҳои нек ва умедворӣ ба фардои дурахшон, дар Рӯзи Имомат ба Волохазрати Воломақом умри дароз, саломатӣ ва нерӯи бепоён дар иҷрои рисолати бузургашон таманно намуда, барои ҳамагон саодати рӯзгор, оромии равонию рӯҳонӣ, тавфики фармонбардорӣ ва дар ҷодаи фаъолият баҳри гулгулшукуфоии Ватани маҳбуб комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *